КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Хусусиятҳои биологӣ Вобаста ба мавсими сол кўчиш мекунад. Ҷинсҳо дар 2-солагӣ
ШИРХЎРОН
Mammalia болиғ мегарданд. Моҳҳои ноябрдекабр ҷуфтӣ мешаванд. Давраи ҳомиладорӣ 5-5,5 моҳ идома меёбад.
Моҳҳои май-июн 1, 2 ва баъзан
3 бача таваллуд мекунад.
Омилҳои маҳдудкунанда Шикори ғайриқонунӣ, чаронидани чорво ва буриши ҷангалзор, бемориҳои сирояткунанда, омилҳои камшавии саршумор ва маҳдуд гардидани муҳити сукунати бузи пармашох мебошанд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити сунъӣ парвариш меёбад ва насл медиҳад.
Тадбирҳои ҳифз
Назоратро аз болои шикори ғайриқонунӣ пурзўр, чаронидани чорворо дар мавзеъҳои сукунати бузи пармашох маҳдуд намуда, оид ба ҳифзи ҷамоаи он дар мамнуъгоҳ ва ғўруқи «Даштиҷум»
чораҳои иловагӣ андешидан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Сапожников, 1976; Соков, 1977, 1993; Амиров, 2012.
ШИРХЎРОН
Mammalia
ГЎСФАНДИ КЎҲИИ
БУХОРОӢ
Ovis vignei bochariensis (Nasonov, 1914) Қатори
Ҷуфтсўмон ‒ Artiodactyla Оилаи
Шохковокҳо ‒ Bovidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR. Ба рўйхати сурхи ИБҲТ ва замимаи
2 Конвенсияи «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд» (CITES) дохил гардидааст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Вахш, Туркистон, Ҳазратишоҳ, кўҳҳои Қаратови Панҷ ва пасткўҳҳои Оқтов, Буритов, Арунтов, Тереклитов, Сурхкўҳ ва Сарсарак паҳн гардидааст. Ба таври маҳдуд дар қисмати ҷанубу ғарбии қаторкўҳи Дарвоз низ вомехўрад.
Муҳити сукунат
Дар экосистемаҳои доманакўҳӣ, даштӣ, ки дар онҳо ҷангалзори сираки писта, дараю теппаҳои релефашон нимҳамвори хокӣ, регзор, шағал ва сангреза, дар баландиҳои аз 450 то 2500 м аз сатҳи баҳр сукунат мекунад.
Саршумор
Дар солҳои 30-юми асри гузашта, гурўҳҳои алоҳидаи ин намуд иборат аз 100-150 сар дар кўҳҳои Қаратови Панҷ ба қайд гирифта шудааст. Солҳои 70-80-уми асри гузашта саршумори он дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 1500 сар баҳогузорӣ карда шудааст.
Айни замон саршумори умумии он аз 200-220 сар зиёд нест.
Хусусиятҳои биологӣ Вобаста ба мавсими сол кўчиш зоҳир менамояд. Мавсими ҷуфтшавӣ ба моҳҳои ноябр-декабр рост омада, муҳлати ҳамл 5-5,5 моҳ давом мекунад. Моҳҳои апрел ва май 1, баъзан 2 барра таваллуд мекунад. Ҷинсҳои нарина дар 2-солагӣ ба балоғат мерасанд.
Дар шароити табиӣ 8-10 сол умр мебинад.
Омилҳои маҳдудкунанда Шикори ғайриқонунӣ, чаронидани чорво ва буриши ҷангалзор боиси камшавии саршумор ва маҳдуд гардидани муҳити сукунати он мегардад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити сунъӣ парвариш меёбад ва насл медиҳад.
Тадбирҳои ҳифз
Назоратро аз болои шикори ғайриқонунӣ пурзўр, чаронидани чорворо дар мавзеъҳои сукунати гўсфанди кўҳии бухороӣ маҳдуд намуда, оид ба ҳифзи ҷамоаи он дар ғўруқҳои «Қаратов» ва «Даштиҷум»
чораҳои иловагӣ андешидан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Виноградов и др., 1935; Чернышев, 1958; Ковалев, 1973 а, б; Соков, 1975, 1977; Сапожников, 1976; Соков, 1993.
ГЎСФАНДИ СЕВЕРТСОВ
Ovis ammon severtzovi (Nasonov, 1914) Қатори
Ҷуфтсўмон ‒ Artiodactyla Оилаи
Шохковокҳо ‒ Bovidae Мақоми ҳифз
Зернамуде, ки дар табиат маҳв гардидааст. EW. Ба рўихати сурхи ИБҲТ дохил карда шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё