Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Сарчашмаи иттилоот:
Попова, 1951; Борисов, Харитонов, 2008.
СЎЗАНАКИ ХАРИТОНОВ
Sympetrum haritonovi (Borisov, 1983) Қатори
Сўзанакҳо ‒ Odonata Оилаи
Сўзанакҳои ҳақиқӣ ‒ Libellulidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар ҳудуди Туркия, қисми шимолии Эрон, Афғонистон, Покистон, шимолу ғарби Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ паҳн гардидааст.
Дар Тоҷикистон ин намуд дар қаторкўҳҳои Олой, Пётри I, Ҳисор, Қаротегин, Ҳазратишоҳ ва Помир ба қайд гирифта шудааст.
Муҳити сукунат
Хоси кўҳсор аст. Дар баландиҳои 800-3550 метр аз сатҳи баҳр дучор меояд. Кирминааш дар шибарҳое, ки бинобар заҳида баромадани обҳои зеризаминӣ дар нишебиҳои кўҳ ва водии дарёҳо ба вуҷуд омадаанд, сукунат дорад. Дар баландиҳои зиёда аз 2300 метр аз сатҳи баҳр дар чашмаҳои обашон гарм инкишоф меёбад.
Саршумор
Аҳён-аҳён дучор мешавад. Шумораи ин намуд дар чашмаҳои обашон гарми Помир зиёд шуда метавонад.
Моҳи августи соли 1984 зичии он дар минтақаҳои чашмаҳои гарм, аз ҷумла Ҷавшангоз 10 ва дар Ҷелондӣ то 40 фардро дар 1 м2 ташкил дод.
Хусусиятҳои биологӣ Давраи фаъоли сўзанаки болиғ моҳҳои июн-октябрро дар бар
ҲАШАРОТ
Insecta мегирад. Кирминааш дар байни растаниҳои обӣ ва ҷойҳои лойқаи обашон ифлос маскун мешавад.
Омилҳои маҳдудкунанда Бенизом чаронидани чорво таназзули муҳити сукунати кирминаи ин сўзанак ва истифода бурдани чашмаҳои гарми шифобахш бо мақсади табобативу истироҳатӣ омилҳои асосии маҳдудкунандаи шумораи он мегардад.
Тадбирҳои ҳифз
Таҳқиқ ва ҳифзи сўзанаки Харитоновро дар мамнуъгоҳи "Ромит"
ба роҳ мондан лозим аст. Аз чашмаҳои обашон гарм кофтани ҷўй ва шибарзорҳо дар маҳалҳои зисти ин сўзанак ба афзудани шумораи намуд мусоидат менамояд.
Сарчашмаи иттилоот:
Борисов, Харитонов, 2004, 2008; Dumont, Borisov, Seidenbusch, 1995; Schroter, 2010.
ҲАШАРОТ
Insecta
ГАҲВОРАҶУНБОНИ
ДАРАХТӢ
Hierodula teneudentata (Saussure, 1869) Қатори
Гаҳвораҷунбонҳо ‒ Mantoptera Оилаи
Гаҳвораҷунбонҳо ‒ Manteidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар Тоҷикистон дар водиҳои Ҳисор, Вахш ва Фарғона (ғайр аз биёбони регзор) вомехўрад. Дар кўҳҳои ҳамшафати ин ноҳияҳо дар баландии зиёда аз 1700 метр аз сатҳи баҳр дучор намешавад.
Муҳити сукунат
Сокини муқаррарии буттаву дарахтзор аст. Танҳо гаҳвораҷунбонҳои ҷавон дар алафзор вомехўранд.
Саршумор
Дар гузашта дар Тоҷикистон ва ҳатто дар шаҳрҳои бузург низ сершумор буд. Ҳоло саршумори он тақрибан 100 маротиба коҳиш ёфтааст.
Хусусиятҳои биологӣ Дарозиаш 6-7 см. Гаҳвораҷунбони болиғ қисми зиёди ҳаёти худро дар баргу шохи дарахтон мегузаронад.
Гаҳвораҷунбон барқвор рони пеш ва соқи пояшро, ки пур аз хори тез аст, кушода ба туъма ҳуҷум мекунад. Гунҷишк, ки кирминаи гаҳвораҷунбони дарахтгардро нобуд мекунад, аз гаҳвораҷунбонҳои калон метарсад.
Дар байни модинаи гаҳвораҷунбонҳои дарахтгард ҳодисаи ҳамдигархўрӣ (канибализм) маълум аст. Гаҳвораҷунбони модина барои тухмгузорӣ пиллаи махсус метанад, ки онро оотека меноманд.
Миёна ё охирҳои моҳи май аз пилла кирминаҳо мебароянд.
Кирминаҳо инкишоф ёфта, баъди ду моҳ вазнашон 5000-6000 маротиба зиёд мегардад. Як кирминаи гаҳвораҷунбон дар давоми 85 рўз 147 ширинча, 41 пашшачаи мева ва 266 магаси хонагиро мехўрад.

пешина
аз 256
навбатӣ