КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Экология
Аз аввал хонданБа L. mamillosa (Sirod.) De Toni монандӣ дорад.
Паҳншавӣ
Ареали пароканда: Аврупо - Сибир
- Кавказ - Осиёи Марказӣ - Камчатка. Дар Тоҷикистон танҳо дар ҳавзаи дарёи Варзоб (Обисангов) ба қайд гирифта шудааст.
Шумора
Дар муҳити рушд тоқа-тоқа, баъзан то даҳҳо адад дучор меоянд.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Таъсири омилҳои антропогенӣ:
тағйир додани маҷрои дарё, ифлосии Муҳити рушд
Муҳити рушд
Дар рўду дарёчаҳои тезҷараёну сероксиген, чашма ва кўлҳои баландкўҳӣ, дар рўи санг, растаниҳои обӣ, дар таркиби Хусусиятҳои биоморфологӣ Талломи бисёрҳуҷайраи баъзан сершоха, дар бунёд бориктар буда, ба воситаи поячаи нозук ба ҷойи зист устувор мешаванд.
Навдачаҳо мўякча надоранд.
Буғумҳо хурд, ҳуҷайраҳои байнибуғумӣ дарозрўяи устувонашакл.
Афзоиши ҷинсӣ бо ёрии сперматангияҳо ва карпогон суАфзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ қайд нагардидааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Ғизои хуби моҳист. Биоиндикатор
– нишондиҳандаи сифат ва покизагии об мебошад. Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Таъсиси обсабзгоҳҳо, таҳқиқи мукаммал, парвариш дар шароити сунъӣ, ҳифзи Муҳити рушд Сарчашмаи иттилоот:
Киселев, Возженникова, 1950; Музафаров, 1965.
АГРЕСТИЯИ МЎЯКДОР
Agrestia hispida (Meresеhk.) Hale & W.L. Culb.
Оилаи Megasporaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Яке аз намудҳои кўчии биёбонӣ, даштӣ ва даштии баландкўҳ мебошад.
Паҳншавӣ
Аврупо – Америкаи Шимолӣ- ОсиёиМарказӣ. Ҷануби Шарқии Аврупо. Қаторкўҳҳои Зарафшон, Қурама, Туркистон, Ҳисор, Ғозималик, Пётри 1, Помири Шарқӣ.
Муҳити рушд
Дар рўйи гилхок, шўразамин ва заминҳои санглох мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба A. aspera (Mereschk.) Tomin монанд аст.
Шумора
Гурўҳҳои калон пайдо мекунад ва дар натиҷаи номураттаб чаридани чорво ба ҳадди нестӣ мерасад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Бари талломаш 2,5-3 см аст; бутташакл, рангаш хокистарӣ, сабзи зайтунӣ, сиёҳтоб; дар ҷойгоҳ хуб устувор нест ё тамоман озод аст.
Шохчаҳои таллом (дар асосаш 1-1,5 мм), гирдаи устувонашакл, хокӣ, қисми болояш шохронда, нўгаш тези хоршакл. Шохчаҳо дорои псевдосефаллаҳои сафеди гирда ё дарозрўя мебошанд. Апотетсия маълум нест. Пикнидия сиёҳранг, дар нўги шохчаҳо пайдо
ГУЛСАНГҲО
Lichenophyta мешавад. Афзоиши нашвӣ, ба воситаи пикнидияҳо ё тақсимшавии таллом сурат мегирад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Таъсири омилҳои антропогенӣ.
Порчаҳои таллом бинобар ҳаме ша чаронидани чорво (гўсфандон) ҷудо ва нест мешаванд.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Афзоиш бо пикнидияҳо ва порашавии таллом сурат мегирад. Барои парвариш мувофиқ нест.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Индикатори дашту биёбонҳо.
Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Ҷойҳои гирдоии популятсияро таҳқиқ карда, гулсанггоҳҳо ташкил кардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Акрамова, 1967; Окснер, 1971; Қудратов, 1985, 1987, Kudratov, Mayrhofer, 2002.
ГУЛСАНГҲО
Lichenophyta
РИЗОПЛАКАИ ЗАРГУН
Rhizoplaca chrysoleuca (Sm.) Zopf Оилаи Lecanoraceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё