КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди бозмонда (реликтӣ) ва субарктикӣ буда, дар миёнакўҳҳо дучор меояд.
Паҳншавӣ
Евросиё - Кавказ - ОсиёиМарказӣ.
Қаторкўҳҳои Туркистон, Ҳисор, Дарвоз.
Муҳити рушд
Дар миёнакўҳҳо дар рўйи сангу шахҳои силикатӣ.
Намуди ҳамшабеҳ Ба R. melanophthalma (Ram.) Leuckert et Poelt монанд аст.
Шумора
Дар Тоҷикистон намуди хеле камёфт буда, дар минтақаҳои миёнакўҳ дар болои ҷинсҳои силикатӣ рушд мекунад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Талломи болинмонанд, диаметраш то 1 см. Пулакчаҳои алоҳида ё болои ҳамдигар хобида.
Ранги пулакчаҳо зардтоб, зарди хокситарӣ ё зарди зайтунӣ аст.
Ареолаҳо бо гомфҳо ба муҳит пайваст буда, андозаашон гуногун ва канорашон сиёҳ мебошад.
Дилак сафедчаи ковок. Сатҳи поёнии таллом қаҳваранги сурхча, қаҳваранг, қаҳваранги сиёҳтоб.
Апотетсия асосан дар маркази таллом пайдо мегардад (диаметраш 0,5-2 мм). Қурси он фурўхамида, қаҳваранг, бўртоб.
Халта аз 8 аскоспораи якҳуҷайраи беранги байзашакл (8,5-11х 5-6 мкм) иборат аст.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Бинобар маҳдудияти муҳити рушд мумкин аз байн равад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Бо спора. Маълумот нест.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз Популятсияи ин намудро таҳқиқ карда, роҳи муҳофизати онро бояд ёфт.
Сарчашмаи иттилоот:
Копачевская, 1971; Kudratov, Mayrhofer, 2002.
ФУЛГЕНЗИЯИ БИЁБОНӢ
Fulgensia desertorum (Tomin) Poelt Оилаи Teloschistaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодири рўихокӣ, дар мавзеъҳои гармсер руста, хеле камёфт аст.
Паҳншавӣ
Ареали пароканда дорад: Евросиё-Кавказ-Осиёи Марказӣ. Дар қаторкўҳҳои Зарафшон, Туркистон ва ҷануби ҷумҳурӣ (доманакўҳи Хоҷамастон, Қаратови назди Панҷ, Оқтоғ) дучор меояд.
Муҳити рушд
Дар хоки карбонатдор, дар мавзеъҳои гармсер мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба F. bracteata (Hoffm.) Räsän.
монанд аст (фақат бо андозаи спораҳо фарқ мекунад).
Шумора
Дар Тоҷикистон се-чор популятсияи он мавҷуд аст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Талломи пўстлохшакл, чашмакдор (ареолҳо), диаметраш 1-1,5 см; болои ҳамдигар хобидаанд, рангашон сафеди зардча, зарди бўртоб, норанҷии бенур. Канори таллом ба назар бурида менамояд.
Апотетсия бисёр, ДИГУЛСАНГҲО Lichenophyta аметраш аз 0,3-1,5 мм, бештар дар маркази таллом ҷойгир аст.
Қурси апотетсия норинҷии зардтоб, канорҳояш баланди бо қурс якранг, баъзан хокистарии зардтоб.
Халтаспораҳо беранг, дорои ду адад ҳуҷайра, байзашакл (10-
16 х 5-8 мкм).
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар натиҷаи обёрӣ кардани даштҳо ва чаридани чорво хавфи нест шудан дорад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Бо спора. Маълум нест.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз Ҷойҳои рушди онро дар ҷануби Тоҷикистон маълум намуда, гулсангҳо ташкил бояд кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Kudratov, Mayrhofer, 2002; Кондратюк С.Я., Окснер, 2004.
ГУЛСАНГҲО
Lichenophyta
СКВАМАРИНА
Squamarina lentigera (G.H. Weber) Poelt Оилаи Stereocaulaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё