КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Аҳамият ва мақоми илмӣ Дар дашту биёбон руста, ареали пароканда дорад.
Паҳншавӣ
Ҳоларктикӣ. Қаторкўҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Пётри I, Тоҷикистони Ҷанубӣ (қаторкўҳҳои Ғозималик, Қаротегини назди Вахш, Норак, доманакўҳи Хоҷамастон).
Муҳити рушд
Дар хоки карбонатдор ва хокҳои роғи шахҳо дучор меояд.
Намуди ҳамшабеҳ Намуди ҳамшабеҳ надорад.
Шумора
Дар Тоҷикистон дар шароити гармсер зист мекунад. Популятсияаш сол аз сол кам мешавад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Талломи гирдашакл, диаметраш
6 (10) см, сабзи сафедтоб, сафедчаи зайтунӣ, дар ҷойгоҳ устувор аст; маркази таллом кафида, чашмакҳо (ареолаҳо) пайдо мекунад, канораш паррашакл буда, бо қабати тунуки сафедтоб пўшида аст (бараш то 3 мм). Апотетсия гирда, диметраш 1-2,5 мм, қурсаш зардчаи қаҳвагун зардчаи зайтунӣ, зарди сурхтоби бенур, канорҳояш низ чунин ранг доранд.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар натиҷаи обёрӣ кардани даштҳо ва номураттаб чаридани чорво аз байн рафтанаш мумкин аст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Бо спора. Маълум нест.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Ҷойҳои рушди онро (хусусан дар Тоҷикистони Ҷанубӣ) маълум намуда, якҷоя бо намуди Fulgensia desertorum гулсангҳо ташкил кардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Копачевская, 1971; Қудратов, 1985, Кудратов, Mayrhofer, 2002.
СОЛОРИНАИ ДУСПОРАВӢ
Solorina bispora Nyl.
Оилаи Peltigeraceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Дар шароити Тоҷикистон дар баланд кўҳҳо мерўяд.
Паҳншавӣ
Ҳоларктикӣ. Дар қаторкўҳҳои Зарафшон, Петри I (реликт) дучор меояд.
Муҳити рушд
Дар баландкўҳҳо дар лаби ҷўю чашмасорон ва ҷойҳои барфашон обшуда рушд мекунад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба S. saccata (L.) Ach. монандӣ дорад.
Шумора
Дар Тоҷикистон якто-якто ё дар шакли гурўҳҳои хурд дар баландкўҳҳо месабзад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Талломи нафис аз баргчаҳои майдаи гирда ё бешакл (диаметраш 2-10 мм)-и сатҳашон хокистарранг ё дорчинии зардтоб иборат аст. Баъзан сефалоидҳои гирда ва лавҳачашакл пайдо мекунад.
Қисми поёни таллом равшан, дар зери апотетсия қабати дорчинӣ ва ридзинаҳои хурд дучор меоянд.
Апотетсия ба чуқурчаҳо ғутавар буда, диаметраш 0,5-1,5 мм, ададаш 1-2-то аст (дар маркази баргчаҳои таллом ҷойгир мебошад). Спорааш дуҳуҷайраи қаҳваранги сиёҳтоб.
ГУЛСАНГҲО
Lichenophyta
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар натиҷаи бетартиб чаридани чорво (хусусан дар солҳои хушкӣ) хавфи нестӣ таҳдид мекунад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Бо спора. Маълум нест.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Дар баландкўҳҳо муҳити рушди онро маълум намуда, гулсанггоҳҳо ташкил кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Савич, 1975; Қудратов, 1974, Кудратов, Mayrhofer, 2002.
ЗАНБЎРУҒҲО
Basidiomycota
САМОРЎҒИ ДАШТӢ
(ГОВЗАНБЎРУҒ)
Morchella steppicola Zerova Оилаи Marchellaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Танамеваи калон дошта, хўрданибоб аст. Кам дучор меояд.
Паҳншавӣ
Аврупо-Осиё-Осиёи Марказӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё