Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Дар кўҳи Муғул, Қурама, водии Ҳисор, доманакўҳҳои Қаршитоғ ва Ариқтоғ мерўяд.
Муҳити рушд
Рўйи замини серҳосил, навбаҳорон дар шибоғзори доманакўҳ ва ҷангали гармсер (шибляк) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба M.esculenta Amm. монандӣ дорад.
Шумора
Гурўҳ-гурўҳ, баъзан дар алоҳида­ гӣ мерўяд; гоҳо фаровон дучор меояд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Телпакаш (то 25 см бар ва баландӣ дорад) тухмшакл, қисми болояш чуқурчаҳо дорад. Рангаш хокистарӣ. Канори телпак батамом ба поя часпидааст. Поячааш (баландиаш 10 см) ғафс, сафед, баъзан гулобӣ. Лаҳмаш ғафс, сафед, хушбўй. Вазнаш то 400 г. Бо спора меафзояд Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Аз баски хўрданибоб аст, одамон онро нодуруст ҷамъоварӣ мекунанд; корам кардани замини доманакўҳҳо ва бетартиб чаридани чорво боиси ба ҳадди нестӣ расидани он мешавад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Бо спора. Маълум нест.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Агар парвариш шавад, моҳияти тиҷоратӣ пайдо мекунад.
Тадбирҳои ҳифз Макони популятсияи фаровони онро маълум намуда, занбўруғгоҳҳо ташкил кардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Зерова, 1934; Корбонская, 1975, 1990.
ЧАНБУЧИ РЕШАБАРГ
Polyporus rhizophilus (Pat.) Saks Оилаи Polyporaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир ва ягонаест, ки фақат дар растаниҳои хўшагӣ ҳаёти ҷангалӣ ба сар мебарад; хеле кам дучор меояд.
Паҳншавӣ
Даштҳои Аврупои Марказӣ ва Ҷанубӣ; дар Осиё – Қазоқистон; Африқои Шимолӣ. Дар Тоҷикистон дар қаторкўҳи Ҳисор (мамнуъгоҳи «Ромит»), доманаи қаторкўҳҳои Қаротегин ва байнаннаҳрайни Тоирсую Қизилсу ба мушоҳида мерасад.
Муҳити рушд
Ягона занбўруғи афиллофорӣ, ки дар буни пояи гиёҳҳои хўша­ дор (Elytrigia ва Cynodon) мерўяд.
Дар рўйи хоки ҳосилхез дар авали баҳор (апрел ва аввали май) дар нимсаваннаи алафаш паст ва ҷангали сираки гармсер (ксерофилӣ) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Хоса занбўруғест, ки бо дигар занбўруғҳо монандӣ надорад.
Шумора
Занбўруғи камёфт, тўп-тўп (гурўҳгурўҳ) ва тоқа-тоқа вомехўрад.
ЗАНБЎРУҒҲО
Basidiomycota
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Алафдаравӣ ва аз меъёр зиёд чаронидани чорво.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Бо спора. Маълум нест.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Маълум нест.
Тадбирҳои ҳифз Маълумоти дақиқ нест. Ҳамчун намуди ягонаи занбўруғи афиллофорӣ, ки дар растаниҳои хўшадор муфтхўрӣ мекунад, макони популятсияи фаровони онро маълум намуда, дар мамнуъгоҳи «Ромит» ҳифз кардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Бондарсев, 1953; Пармасто, 1978; Корбонская, 1975, 1990.
ЗАНБЎРУҒҲО
Basidiomycota
САМОРУҒАК
Pleurotus komarnitzkyi Vassilk.
Оилаи Тricholomaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Занбў­ руғи хоси Осиёи Марказӣ.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодиру ягонаест, ки фақат дар бехи гиёҳҳои хўшадори чимак месабзад. Хеле кам мондааст.
Паҳншавӣ
Осиё Марказӣ, дар доманакўҳҳои Ариқтоғ ва Хоҷақозиён.
Муҳити рушд
Навбаҳорон дар бехи пояи Eremostachys labiosa Bunge, ки дар шибоғзор ва нимсаваннаи алафаш рушд меёбад.
Намуди ҳамшабеҳ Монандии онро бо дигар занбўруғҳои баргдор муқаррар накардаанд.

пешина
аз 256
навбатӣ