КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Зоҳиран ба занбўруғи резамева P. petaloides (Fr) Guel., ки дар Аврупои Миёна мерўяд, қаробат дорад.
Шумора
Ҷо-ҷо ва дар баъзе мавзеъҳо вомехўрад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Телпакаш бодбезакшакл, хамида, болояш ҳамвор, рангаш хира (нимшаффоф), сафедтоби бенур; қутри телпакаш то 2-2,5 см.
Баргакҳояш овезон, поячааш аз паҳлў, рангаш сафед ё сафедтоб.
Бо спора меафзояд.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Даравидани алаф, аз меъёр зиёд чаронидани чорво, поймол кардани муҳити сабзиш.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Бо спора. Маълум нест.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Маълум нест.
Тадбирҳои ҳифз
Маълумоти дақиқ нест. Ҳифз макони зисти онро дар мавзеъи Ганҷина таҳқиқ намуда, парваришгоҳ ташкил кардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Василков, 1961; Корбонская, 1975, 1990.
ЗАНБЎРУҒИ ДАШТӢ
Battarea phalloides Pers.
Оилаи Tulostomaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Занбўруғи қадима, ки аз давраи Табошир боқӣ мондааст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Ҳамчун занбўруғи қадимӣ аҳамияти илмӣ дорад.
Паҳншавӣ
Ҳоларктик. Дар қаторкўҳҳои Қурама, Туркистон ва ҷануби Тоҷикистон (Полвонтуғай) дарёфт шудааст.
Муҳити рушд
Дар шўразамини тақирмонанд ва нишебиҳои хушку шағалдори минтақаи арчазор мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Навъи ягона аст.
Шумора
Маълумоти дақиқ нест. Занбўруғи камёфт, дар баъзе ҷойҳо аҳёнан вомехўрад.
Хусусиятҳои биологӣ Танамеваи ҷавон гирда ё тухмшакл, бавоярасидааш 17-45 см дарозӣ дорад, поячаи қаҳваранги хубсабзида дорад. Перидиё дупарда.
Экзоперидиё ғафс, сафед, ба тези меафтад. Рўйпуш (вольва) тақсимчамонанд, дупардагӣ, сахт,дарозиаш 11-15 смва бараш 5-8 см. Эндоперидиё, кис араки онро мепўшонад, тунук, сафедтоб, суфта. Сарак нимдоира, диаметраш 3-10 см. Баттария зоҳиран ба занбўрўғи телпакдор монанд аст.Поячааш силиндршакл, 15-46 см дарозӣ ва 1,5-4 см ғафсӣ дорад, дарунаш холӣ, чубшуда, бо пулакчаҳои зардтобё қаҳваранги дарози борик пўшида мебошад.
Занбўрўғи реликти давраи бўр мебошад.
ЗАНБЎРУҒҲО
Basidiomycota
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар киштзор ва ҷангалҳо дар натиҷаи алафдаравӣ ва аз меъёр зиёд чаронидани чорво кам мондааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Бо спора меафзояд. Парвариши он маълум нест.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Маълум нест.
Тадбирҳои зарури муҳофизат Маълумоти дақиқ нест. Ҳамчун намуди ягонаи қадимӣ ҳифз кардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Шваргман, Филимонова, 1970; Корбонская, 1975, 1990.
УШНАШАКЛОН
Bryophyta
МИЛИХҲОФЕРИЯИ
ҲИМОЛОӢ
Mielichhoferia himalayana Mitt.
Оилаи Bryaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Дар ботлоқзорҳо, ҷангалзорҳо ва кўҳҳо ҳамроҳ бо дигар намудҳои ушнашаклон ҷиҳати ҳосил шудани торф, ҳосилхез гардидани таркиби хок ва гардиши моддаҳои органикӣ дар табиат муҳим аст.
Паҳншавӣ
Дар Тоҷикистон дар нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳи Ҳисор, Шўрдара ва атрофи деҳаи Зиддӣ паҳн шудааст. Дар Кавказ ва шарқи Ҳиндустон низ вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар шахҳои сернам, соҳили дарё ҳо, тарқиши шахҳо, ғор, дар нимсаваннаи алафаш баланд, фаркзорҳои тунук (дар баландии 2700-2800 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё