КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Намуди ҳамшабеҳ Ба М. macrocarpa (Hook.) Bryrchet et Simp., ки дар Сибири Шарқӣ, Олмон, Амрикои Шимолӣ мерўяд, монандӣ дорад.
Шумора
Ягон-ягон дучор меояд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Чимакаш хеле паст, ковок ё ғафси сабзи бенур, баъдтар зарди сабзтоб, ҷилодор, поёнтар сурхи хокистарӣ.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Чаронидани чорво, сохтмони роҳҳо, кўҳкорӣ ва бунёди обанборҳо сабаби нест шудани он мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ қайд нашудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратии он омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Муҳити рушди онро бояд ҳифз кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Маматқулов, 1990; Савич- Любитская, Смирнова, 1970; Бобораҷабов, 2013а, 2013б
.
ФИССИДЕНСИ ҚАРАТОВӢ
Fissidens karataviensis Sams.
Оилаи Fissidentaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Хоси Помиру Олой ва Тиёншони Ғарбӣ аст. Яке аз қадимтарин ушнаҳои дорои танаю барги мансуб ба биофлораи давраи сеюми Осиёи Марказӣ ҳисоб меёбад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Аҳамияти чандон зиёд надорад.
Дар ботлоқзорҳо, ҷангалзорҳо, ҳамроҳ бо дигар намудҳои ушнашаклон ҷиҳати ҳосил шудани торф ва ҳосилхез гаштани хок, гардиши моддаҳои органикӣ дар табиат муҳим аст. Ушнашаклон яке аз гурўҳҳои қадимӣ ва мустақили растаниҳо мебошанд.
Паҳншавӣ
Дар нишебиҳои қаторкўҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар сангҳои зери об, ҷўй, шаршараҳо, инчунин чормағззору фаркзорҳо (дар баланди 1500- 2000 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба F. grandifrons Brid., ки дар Ҳоларктика маъмул аст, хеле монандӣ дорад.
Шумора
Кам мондааст. Захираи он маълум нест. Дар ҳудуди рушдгоҳ камёфт буда, чимаки хурд ҳосил мекунад.
УШНАШАКЛОН
Bryophyta
Хусусиятҳои биоморфологӣ Чимакҳои нарм, дурушт, бенури сиёҳча ё сабзи хокистарранг дорад.
Навдааш сафед, гоҳе кабудча мебошанд.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Кўҳкорӣ ва хушк шудани дарёчаву чашмаҳо боиси маҳдуд шудани муҳити рушди он мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Афзоиш ба воситаи гард дар шароити таҷриба ва сунъӣ қайд нашудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Наомўхтаанд.
Тадбирҳои ҳифз
Муҳити рушди онро ҳифз бояд кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Самсел, 1953; Маматқулов, 1975; Бобораҷабов, 2013а, 2013б
.
УШНАШАКЛОН
Bryophyta
ИНДУЗИЕЛЛИЯИ
ТИЁНШОНӢ
Indusiella thianschanica Broth, et C. Miell.
Оилаи Grimmiaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. СR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Чандон аҳамият надорад. Дар ботлоқзор, ҷангалзор ва кўҳҳо дар якҷоягӣ бо дигар намудҳои ушнашаклон ҷиҳати ҳосил шудани торф, ҳосилхез гаштани хок ва гардиши моддаҳои органикӣ дар табиат муҳим аст.
Паҳншавӣ
Фақат як намуд буда, дар Помири Шарқӣ, ҳавзаи дарёи Мурғоб месабзад. Дар Тиёншон, Доғистон, Саянаи Шарқӣ, инчунин дар Муғулистон ва Аляска вомехўрад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба намуди Ҳолартикӣ Coscinodon gribrosus (Hedw.) Spruce монандӣ дорад.
Шумора
Хеле камёфт мебошад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Чимаки паст, зич, сахти рангаш сабзи сиёҳча дорад. Танааш рост, баландиаш 1-1,5 см; дар қисми боло баргҳои зич, дар қисми поён решачаҳо мавҷуданд. Баргҳояш хушк буда, ба поя часпидаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё