Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Поймол гардидани мавзеъҳои рушд аз тарафи чорво.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Паҳншавӣ
Намуди ҳамшабеҳ Қайд нагардидааст.
Дар шимоли қаторкўҳи ПасиБа В. icmadophila Schimp., ки олой, нишебии атрофи деҳаи Нур дар Ҳоларктика паҳн шудааст, дар дараи Калтабулоқ вомехўрад.
монандӣ дорад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Шумора
Кам аст, дар шакли чимҳои хурд ва тўда-тўда месабзад.
Тадбирҳои ҳифз
Онро муҳофизат бояд кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Маматқулов, Абрамова, 1966; Савич-Любитская, Смирнова, 1970; Бобораҷабов, 2013а, 2013б
.
ВЕЙЗИЯИ МАЙДАБАРГ
Weisia papillosissima Lasar.
Оилаи Pottiaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Хоси Помиру Олой мебошад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Аҳамияти чандон зиёд надорад.
Дар ботлоқзор, ҷангалзор, кўҳҳо дар якҷоягӣ бо дигар намудҳои ушнашаклон барои ҳосил шудани торф, ҳосилхезии хок ва гардиши моддаҳои органикӣ дар табиат муҳим аст.
Паҳншавӣ
Дар қисми ҷанубии кўҳҳои Ҳисор, ҳавзаи дарёи Варзоб, дараи Кондара, Ҳушёрӣ, қисми ҷанубии кўҳҳои Дарвоз, Қалъаи Хумб, Висхарв, кўҳҳои Коктов, Боботоғ, Ғозималик, Норак, Ағбаи Чормағзак, Балҷувон, Дашти-Ҷум мерўяд.
Муҳити рушд
Дар оҳаксанг, тарқиши шах, зери шахсор, пистазор ва чормағззорҳо (дар баландии 700-2000 м аз сатҳи баҳр) вомехўрад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба намуди W.tortilis. С. Mull Ҳолартика монандӣ дорад.
Шумора
Кам аст, баъзан дар шакли чимҳои хурд вомехўрад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Чимаш мустаҳками сиёҳи сабзтоб мебошад. Танааш то 1 см баланд мешавад; он баъзан шохаронда
УШНАШАКЛОН
Bryophyta аст. Баргаш хушки печинда, каҷ, дарозрўя, канораш хам.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар натиҷаи аз тарафи хоҷагиҳо истифода кардани муҳити рушд мумкин аст барҳам хўрад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ қайд нашудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Наомўхтаанд.
Тадбирҳои ҳифз
Маҳаллҳои рушди онро ҳифз бояд кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Лазаренко, 1938; Савич-Любитская, Смирнова, 1970; Мамадқулов, 1975; Бобораҷабов, 2013а , 2013б
.
САРАХСШАКЛҲО
Pteridophyta
МЎЙИ ҶИН (СУНБУЛАК)
Asplenium pseudofontanum С. Koss.
Оилаи Aspleniaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар табиат маҳв гардидааст.
EW. Хоси Помиру Олой.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Ҳамчун намуди қадимӣ ва нодир аҳамияти калони илмӣ дорад.
Паҳншавӣ
Дар миёнаоби дарёи Зарафшон ва дар дараи Мадм ба қайд гирифта шудааст.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои минтақаи ҷангалзори гармсер, дар соярўи шахҳо месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба намуди A. fontanum (L.) Bernh., ки дар мамлакатҳои соҳили Баҳри Миёназамин мерўяд, монандӣ дорад.
Шумора
Маълумоти дақиқ нест. Намуди камёфт, фақат як маротиба охири асри XIX чинда буданд, дигар ба ҳеҷ кас муяссар нашудааст, ки онро пайдо кунад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Решапояаш кўтоҳ, ғафс, бо қабати хокистарранги сафедтоб пўшида шудааст. Баргаш сершумор, тунук, сабзи сафедтоб, ду-се маротиб паршакли бурида, дарозрўяи нештаршакл (дарозиаш 5-14 см, бараш 6-25 мм).
Сорусҳояш байзавӣ, баъзан ба ҳам часпида. Болопўши сорусҳо дарозрўяи тухмшакл, сафед.

пешина
аз 256
навбатӣ