Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Онҳо байзашакл буда, нўгашон кунд ва канорҳояшон яклухтанд.
Рахи марказии барг аз нўги он берун омада, шакли мўйро дорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Ба киштзор табдил додани муҳити рушди ушна боиси камшумории он гаштааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ омўхта нашудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Наомўхтаанд.
Тадбирҳои ҳифз
Маҳаллҳои рушди онро пурра бояд ҳифз кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Савич-Любитская, Смирнова, 1970, Маматқулов, 1989; Бобораҷабов, 2013а, 2013б
.
ТОРТУЛАИ ФАРҒОНАГӢ
Tortula ferganensis Lasar.
Оилаи Pottiaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Хоси Помири Ғарбӣ, Олой ва Тиёншони Ғарбӣ мебошад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Аҳамияти чандон зиёд надорад.
Дар ботлоқзор, ҷангалзор, кўҳҳо дар якҷоягӣ бо дигар намуди ушнашаклон барои ҳосил шудани торф, ҳосилхез гаштани таркиби хок ва гардиши моддаҳои органикӣ дар табиат муҳим аст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Ғозималик, Хоҷамуъмин ва ҷануби ғарбии Дарвоз вомехўрад. Дар нишебии қисми шимолии қаторкўҳҳои Пасиолой ва Фарғона низ мерўяд.
Муҳити рушд
Дар оҳаксанг, шахсор, санглох, тарқиши шах, бодомзор, пистазор, челонзор ва арчазори гармсер (дар баландии 800-3200 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба Т. desertorum Broth. ва Т. handelii хеле монанд аст.
Шумора
Тағйири шароити рушд ва хароб шудани муҳити сабзиши он бинобар таъсири одам боиси камшумории тортула гаштааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Чимаш сиёҳи сабз, баъдтар сиёҳи хокистарӣ мебошад. Баландии танааш то 2 см, шохронда, бо баргҳои зич пўшида ШУДАУШНАШАКЛОН Bryophyta аст.
Нўги баргҳо пурпечутоб мебошад.
Рахи марказии барг сиёҳи сурхтоб буда, дар нуги он хотима меёбад. Қисми болоии лавҳачаи барг дуқабата аст.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Тағйири шароити рушд, хароб шудани муҳити сабзиши он дар натиҷаи фаъолияти одам.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ қайд нагардидааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Онро қатъӣ муҳофизат бояд кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Маматқулов, Абрамова, 1966; Савич-Любитская, Смирнова, 1970; Бобораҷабов, 2013а, 2013б
.
УШНАШАКЛОН
Bryophyta
БАРБУЛАИ ИОГАНСЕНӢ
Barbula johansenii Williams Оилаи Pottiaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR. Дар Помиру Олой дар ҳадди ҷануби муҳити рушд дучор меояд.
Дар яке аз маҳалҳои Тиёншони Хусусиятҳои биоморфологӣ Марказӣ, нишебии ғарбии кўҳи Чими хурди сабз дорад. Танааш Бойбичатоғ низ мерўяд. Дар Сикўтоҳ буда, 3-4 мм қад мекашад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ бири Шарқӣ, Аляска ва кўҳҳои Баргҳояш рост, хушки нарм, боАҳамияти чандон зиёд надорад.
шахсори Канада низ дучор меояд.
лои ҳам ҷойгиранд.
Дар ботлоқзор, ҷангалзор, кўҳҳо дар якҷоягӣ бо дигар намуди ушнашаклон барои ҳосил шудани торф, ҳосилхезии хок ва гардиши моддаҳои органикӣ дар табиат муҳим аст.
Муҳити рушд
Дар оҳакшахҳо, тарқиши шахсор, решаҳои аз хок беруни буттаву дарахтон, арчазорон ва даштҳои баландкўҳ (дар баландии 3200- 3700 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.

пешина
аз 256
навбатӣ