КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар рушдгоҳи табиӣ дармана аз тухм месабзад. Фардҳои алоҳидаи онро аз муҳити рушди табиӣ оварда дар Боғи набототи Душанбе кучат карданд, вале насабзид.
Дар Қазоқистон киштзори дарманадар хоҷагиҳо вуҷуд дорад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Дар амалияи тибби муосир ва халқӣ сабадгули дарманаро ҷиҳати рафъи кирми меъдаву рўда ба кор мебаранд. Дар баргу поя ва гулаш 0,5-7% лактони сантонин дорад. Сабадгули дармана дар бозор ба фурўш бароварда мешавад.
Тадбирҳои ҳифз
Ташкил кардани мамнуъгоҳ дар доманакўҳи Муғул ба мақсади нигоҳдорӣ, тадқиқ ва муайян намудани шаклҳои гуногуни генофонди худрўи дармана, муқаррар кардани тадбирҳои ҳифзи онҳо.
Сарчашмаи иттилоот:
Флора Таджикской ССР. Т. 9, 1988.
КАЛЛАХОРАК
Cousinia agelocephala Tschern.
Оилаи Asteraceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR. Хоси Тоҷикистони Ҷанубӣ.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Истеҳсоли моддаҳои органикӣ, ҳифзи хок аз эрозия; генофонди ҷамоаи наботот аст.
Паҳншавӣ
Дар кўҳи Буритов ва андароби дарёҳои Вахшу Панҷ дучор меояд.
Муҳити рушд
Дар минтақаи пасталафи саваннамонанд ва ҷангалзори доманакўҳ, дар регзор ва нишебиҳои регдори шағалу санглох (дар баландии то 500 м аз сатҳи баҳр)мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Бештар ба С. congesta Bunge, ки дар Кўҳистони Туркманистон ва Эрони Шимолӣ мерўяд, қаробат дорад.
Шумора
Миқдоран кам буда, омўхта нашудааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Як маротиба (монокарпӣ) гул ва мева мекунад. Решааш ғафс, рост.
Пояаш дар қисми болоӣ сершох, навдачаҳои кўтоҳ дорад. Баландиаш то 80 см. Баргаш сабзи дурушт, аз боло ва поён бо мўякчаҳои сафедча пўшонида
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae шудааст. Ҳар як тўдагул 9-11 адад гули зард дорад. Дар сари ҳар навда 15-40 дона тўдагул месабзад.
Донаш дорои 3-4 қирра буда, хокистарранг аст. Моҳҳои июн гул карда, июл мева мебандад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Аз ҳад зиёд чарондани чорво дар муҳити рушд боиси кам шудани адад ва маҳдуд гаштани ҷои зисти он шудааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Омўхта нашудааст; парвариш накардаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Маълумот нест. Ҳосилхез намудан ва ҳифз кардани хок аз эрозия.
Тадбирҳои ҳифз
Омўзиш ва андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба ҳифзи муҳити рушди он.
Сарчашмаи иттилоот:
Чернева, 1962; Флора Таджикской
ССР. Т. 10, 1991.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ЛАТТАХОРАК
Cousinia corymbosa С. Winkl.
Оилаи Asteraceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR. Хоси Тоҷикистони Марказӣ.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Истеҳсоли моддаҳои органикӣ, ҳифзи хок аз эрозия; генофонди ҷамоаи наботот мебошад.
Паҳншавӣ
Дар нишебиҳои ҷануби қаторкўҳи Қаротегин (атрофи Обигарм) ва шимоли қаторкўҳи Сурхо вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар минтақаи ҷангалзори паҳнбарг ва арчазор, дар заминҳои чойкаҳаку шивоқ, дар нишебиҳои хокӣ ва шағалдор (дар баландиҳои 2000-2400 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба С. сoerulia Kult. ex Tschern., ки дар қаторкўҳи Ҳисор вомехўрад, қаробат дорад.
Шумора
Хеле кам мондааст. Миқдори умумиаш маълум нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё