Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Хусусиятҳои биоморфологӣ Гиёҳи бисёрсола, решааш нисбат аз пояаш ғафстар аст. Пояаш рост 80-100 см, дар қисми болоиаш сершох, навдачаҳои дароз дорад.
Баргаш сабзи дурушт, аз боло ва поён бо мўякчаҳои сафедранг пўшонда шудааст. Тўдагулаш доирашакл, бараш 1,7-2,0 см, гулаш сафедча. Тухмаш сеқирра, хокистарранг (дарозиаш 0,5 см).
Моҳҳои июл гул карда, августсентябр мева мебандад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Аз ҳад зиёд чарондани чорво ва таъсири омилҳои дигари хоҷа­ гидории инсон (алафдарав, кишту кор) боиси кам шудану маҳдудияти муҳити рушди он гардидааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Наомўхтаанд ва парвариш накардаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Маълум нест. Ҳосилхез намудан ва ҳифз кардани хок аз эрозия.
Тадбирҳои ҳифз
Тадқиқ ва ҳифзи муҳити рушди латтахорак.
Сарчашмаи иттилоот:
Чернева, 1962; Флора Таджикской
ССР. Т. 10, 1991.
ХОРАКИ ДАРВОЗӢ
Cousinia darwasica C. Winkl.
Оилаи Asteraceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Хоси Помиру Олой ва Афғонистони Шимолӣ аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Растании нодир буда, барои гуногунии биологӣ ва генофонди ҷамоаи наботот муҳим аст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Зарафшон (Калахона ва Роғ) ва Шуғнон (ҳавзаи дарёи Ғунд) мерўяд.
Муҳити рушд
Дар минтақаи саваннамонанд, ҷангалзори гармсер ва арчазорҳо, дар нишебиҳои шағалу санглох (дар баландиҳои 1500-3000 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Бештар ба С. integrifolia Franch., ки дар ҷануби Помиру Олой мерўяд, қаробат дорад.
Шумора
Кам аст. Миқдори умумиаш маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, решааш аз пояаш ғафстар. Пояаш рост, аз поён то боло сершох, навдачаҳояш борику дароз, аз 30 то
50 см қад мекашад. Баргаш дурушт, хордор, аз боло ва поён бо мўякчаҳои хокистарранги сафедча пўшонда шудааст. Тўдагулаш
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae майда, бараш 1-1,5 см, сергул, рангаш сурхи хира. Дар сари ҳар як навда аз 15 то 40 дона тўдагул месабзад. Тухмаш хокистарранг.
Моҳҳои август гул карда, сентябр мева мебандад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Аз ҳад зиёд чаронидани чорво, алафдарав, киштукор боиси маҳдуд шудани муҳити рушд гардидааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Омўхта нашудааст, парвариш накардаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Маълумот нест. Ҳосилхез намудан ва ҳифз кардани хок аз эрозия.
Тадбирҳои ҳифз
Тадқиқи он дар табиат ва муқаррар кардани тадбирҳои зарурӣ оид ба ҳифз.
Сарчашмаи иттилоот:
Чернева, 1962; Флора Таджикской
ССР. Т. 10, 1991.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
СИЯҲХОРАК
Cousinia hilariae Kult.
Оилаи Asteraceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Хоси Помири Ғарбӣ мебошад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Барои гуногунии биологӣ муҳим буда, генофонди ҷамоаи наботот аст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳи Язғулом (дараи Одудӣ) ва водии дарёи Панҷ (атрофи деҳаи Қавоқ) вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар минтақаи ҷангалзори гармсер, дар нишебиҳои гилхок ва шағалу санглох (дар баландиҳои 1700-2100 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Бештар ба С. carduncelloidea Regel et Schmalh., ки дар қаторкўҳи Олой мерўяд, қаробат дорад.

пешина
аз 256
навбатӣ