Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Шумора
Эҳтимол шуморааш хеле кам аст.
Миқдори умумиаш маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Гиёҳи як ё дусола. Пояаш рост, аз поён то боло навдаҳои дароз дорад; то 70 см қад мекашад. Баргаш дурушт, бо мўякчаҳои хокистарранг пўшонида шудааст.
Тудагулаш тухмшакл, бараш 2 см, сергул, дар сари ҳар як навда яктогӣ ҷой гирифтааст. Гулаш сурхи хира. Донаш сиёҳтоб аст. Моҳҳои июн ‒ июл гул карда, июл ‒ август мева мебандад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омилҳои антропогенӣ (даравкардани алафзор, киштукор, зиёд чаронидани чорво) боиси камшумор ва маҳдуд гаштани муҳити рушди он шудааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Омўхта нашудааст, парвариш накардаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Маълум нест.
Тадбирҳои ҳифз
Тадқиқи каррахорак ва муқаррар кардани тадбирҳои босамари ҳифзи он.
Сарчашмаи иттилоот:
Чернева, 1962; Флора Таджикской
ССР. Т. 10, 1991.
КАҲХОРАК
Cousinia leptocampyla Bornm.
Оилаи Asteraceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷи­ кистони Марказӣ.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Ҳосилхез намудани хок ва ҳифзи он аз эрозия.
Паҳншавӣ
Дар нишебиҳои ҷануби қаторкўҳҳои Ҳисор, водии дарёи Сардаи Миёна (деҳаи Луфиғор) ва атрофи Файзобод месабзад.
Муҳити рушд
Минтақаи ҷангалзори гармсер ва алафзори саваннамонанд (юғанзор), дар нишебиҳои шағалу санглох (дар баландиҳои 1000- 1700 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ
Зоҳиран ба С. mulgediifolia Bornm., ки дар қаторкўҳҳои Ҳазра­ тишоҳ, Вахш ва ғайра мерўяд, қаробат дорад.
Шумора
Хеле кам аст. Тоқа-тоқа вомехўрад.
Миқдори умумиаш маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, решааш аз пояаш ғафстар аст. Пояаш сершоху барг (70-80 см баланд мешавад).
Навдаҳои борику дароз дорад. Баргаш сабзи дурушт, аз боло ва поён бо мўякчаҳои сафедча пўшонида шудааст. Тўдагулаш доирашакл, 50-60 адад гули зарди хира ё сафедча дорад. Тухмаш
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae хокистарранги сиёҳчатоб аст.
Моҳҳои июл-август гул карда, август мева мебандад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Аз ҳад зиёд чарондани чорво ва таъсири омилҳои дигари хоҷагидории инсон (дарав кардани алафзор, киштукор) боиси кам ва маҳдуд гаштани муҳити рушди он шудааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Наомўхтаанд, парвариш карда нашудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Маълум нест. Ҳосилхез намудан ва ҳифз кардани хок аз эрозия.
Тадбирҳои ҳифз
Тадқиқ ва ҳифзи муҳити рушди каҳхорак.
Сарчашмаи иттилоот:
Чернева, 1962; Флора Таджикской
ССР. Т. 10, 1991.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ХОРАЛАФИ МУҒУЛӢ
Cousinia mogoltavica Tschern. et Vved.
Оилаи Asteraceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир, хоси Тоҷикистони Шимолӣ (кўҳи Муғул) аст.
Паҳншавӣ
Танҳо дар кўҳи Муғул паҳн гардидааст.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглохи нимсаванна ва ҷангалзори гармсер (дар баландии 700-1000 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ
Ба C. tianschanica Kult. (Тиёншони Ғарбӣ) қаробат дорад.
Шумора
Тоқа ё гурўҳ-гурўҳ (дар 100 м2 аз 3 то 10 адад) месабзад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании дусола, то 45 см қад мекашад.

пешина
аз 256
навбатӣ