Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Ҳолати популятсияи намудро муайян карда, зери назорати доимӣ гирифтан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Илин М. М., 1962; Красная книга Таджикской ССР, 1988
ГУЛСАРАК
Jurinea impressinervis Iljin Оилаи Asteraceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир, хоси Тоҷикистони Ҷанубӣ.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳи Дарвоз ва домана­ кўҳҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ паҳн гардидааст.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглох ва шағалдори минтақаи бешазори паҳнбарг (дар баландиҳои 1600- 2100 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба J. caespitosa C. Winkl. (қаторкўҳи Ҳисор: Бешкент, Боботоғ ва доманакўҳҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ) қаробат дорад.
Шумора
Хеле кам аст. Тоқа-тоқа вомехўрад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи қадпаст (то 5 см) буда, чим ҳосил мекунад.
Баргаш (дарозиаш 3-7 см, бараш 0,8-1,5 см) барбатшакл, аз 2-4 ҷуфт ҳиссача иборат аст. Сабадакаш (қутраш 2-2,5 см) тоқа, дар
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae гулбаргҳои кўтоҳ ҷойгиранд. Гулаш (дарозиаш 2-2,2 см) овезон, гулобӣ. Моҳи июн гул карда, июл мева медиҳад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Таъсири омили антропогенӣ: аз ҳад зиёд чаронидани чорво боиси поймол шудани популятсия ва маҳдуд гаштани шумораи намуд гаштааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм меафзояд. Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ қайд нагардидааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Ҳифзи муҳити рушд, назорати доимӣ оид ба ҳолати популятсия, озмудан дар шароити сунъӣ.
Сарчашмаи иттилоот:
Илин, 1962; Красная книга Таджикской
ССР, 1988.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ЮРИНЕЯИ БОЛПОЯ
Jurenea pteroclada IIjin Оилаи Asteraceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир, хоси Помиру Олойи Шимолӣ аст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Туркистон ва Пётри I паҳн гардидааст. Дар Қирғизистон ва Ўзбекистон низ вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои ҷинсҳои рангоранг, гилдор ва шағалзамин (дар баландиҳои 700-900 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Намуди ҳамшабеҳ надорад.
Шумора
Кам аст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи поликарпӣ, то 80 см қад мекашад. Баргаш дарозрўяи нишаста буда, бо мўякчаҳои тормонанд пўшида шудаанд. Гултоҷаш гулобиранг, тухмаш дарозрўяи зардчатоб.
Моҳи август гул карда, сентябр самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омилҳои антропогенӣ: аз худ кардани мавзеъҳои рушди растанӣ.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм меафзояд. Аз тухм рўёндани он дар Боғи ботаникии Хуҷанд (солҳои 1980-1989) натиҷаи мусбат надод.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании ороишӣ аст.
Тадбирҳои ҳифз
Ташкил кардани парваришгоҳи ботаникӣ баҳри барқарор намудани популятсияи намуди мазкур.
Сарчашмаи иттилоот:
Красная книга Таджикской ССР (1988); Расулова, Астанова, 1991; Тўрақулов, Ҳомидов, Ғаффоров, 2010.
ЮРИНЕЯИ ТОҶИКИСТОНӢ
Jurinea tadshikistanica Iljin Оилаи Asteraceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.

пешина
аз 256
навбатӣ