Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодиртарин, хоси Тоҷикис­ тони Ҷанубӣ аст.
Паҳншавӣ
Танҳо дар як мавзеъ — кўҳи Буритов ба мушоҳида расидааст.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои маҳинхоку серша­ ғали минтақаи набототи нимсаваннаи қадпасти биёбонгашта, дар туғайзорҳо (дар баландиҳои 600-700 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба J. winklerii Iljin (Помиру Олойи Шимолӣ ва Тиёншони Ғарбӣ) қаробат дорад.
Шумора
Беҳад кам аст. Тоқа-тоқа вомехўрад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, то 15-45 см қад мекашад. Баргаш (дорозиаш 7-8 см, бараш 2-2,5 см) паршакл баъзан яхлут, кабуди тираранг буда, бо мўякҳо фаро гирифта шудааст. Сабадчааш (қутраш 1,5-3 см) тоқа. Гулаш (дарозиаш 2,5-2,7 см) гулобӣ. Пўпаки тухмаш (дарозиаш 1-1,5 см) аз мўякчаҳои зардчатоб иборат аст.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Моҳи апрел гул карда, май-июн мева медиҳад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Таъсири омилҳои антропогенӣ:
аз худ кардани мавзеъҳои рушд, бенизом чаронидани чорво.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм меафзояд. Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ қайд нагардидааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Ҳифзи маҳалҳои рушд, омўхтани хусусиятҳои биологӣ ва роҳҳои парвариши он дар шароити сунъӣ.
Сарчашмаи иттилоот:
Илин, 1962; Красная книга Таджикской
ССР, 1988.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
КИКВОШАК
Pyrethrum mikeschinii Tzvel.
Оилаи Asteraceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир, хоси Помиру Олойи Шимолӣ аст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳи Туркистон паҳн гардидааст. Берун аз ҳудуди Тоҷикистон дар Қирғизистон вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглох, дар минтақаи арчазорҳо ва дашт (дар баландии 2900 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба P. hissaricum Krasch. (қаторкўҳи Ҳисор) қаробат дорад.
Шумора
Номаълум аст. Солҳои 30-юми асри гузашта аз тарафи Г. Микешин чинда шудааст. Солҳои 2005- 2007 барои дарёфти он кўшишҳои зиёд ба харҷ дода шуданд, вале бенатиҷа монд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, то 30 см қад мекашад. Пояаш камбарги серпат, хокистарранг. Баргаш сабзи хокистарӣ. Сабадаки гулаш дар гулпоя ҷойгир аст. Моҳи июн гул карда, июл-август самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Таъсири антропогенӣ: муҳити рушди намуд ба чарогоҳ табдил дода шудааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ қайд нагардидааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании ороишӣ аст.
Тадбирҳои ҳифз
Ҳифз намудани мавзеъи рушд.
Дар шароити сунъӣ озмудани парвариши он.
Сарчашмаи иттилоот:
Кинзикаева, 1988; Красная книга Таджикской ССР, 1988; Тўрақулов, Ҳомидов, Ғаффоров.
СОССЮРЕЯИ МУШОЛБАРГ
Saussurea caprifolia Iljin et F. Zapr.
Оилаи Asteraceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодиртарини хоси Тоҷикис­ тон.
Паҳншавӣ
Танҳо дар қаторкўҳи Дарвоз (ағбаи Курговат) месабзад.
Муҳити рушд
Дар ҷойҳои санглохи минтақаи баландкўҳ (дар баландиҳои 3800- 3900 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба S. kuschakewiczii C. Winkl.

пешина
аз 256
навбатӣ