КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
қаробат дорад.
Шумора
Номаълум аст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, пояаш кўтоҳ (4,2-5 см қад мекашад). Баргаш байзашакл, нўгтез, дарозиаш 4-5 см. Сабадакаш тоқа ё 2-5-тогӣ дар тўдагулҳои сипаршакл ҷойгиранд. Тоҷбаргаш (дарозиаш 1,2-1,4 см) гулобӣ. Тухмаш (дарозиаш 4-5,5 мм) бепат.
Моҳи август гул карда, сентябр мева медиҳад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Муайян нашудаанд. Бинобар камшуморӣ ва маҳдуд будани ареал зери таъсири тасодуфии инсон ё табиат аз байн рафтанаш мумкин аст.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм меафзояд. Оид ба парвариши он маълумот нест.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании ороишист.
Тадбирҳои ҳифз
Назорати доимии муҳити рушд ва парвариш кардани растанӣ.
Сарчашмаи иттилоот:
Красная книга Таджикской ССР, 1988; Расулова, Шарипова, 1991.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
СОССЮРЕЯИ ТОҶИК
Saussurea tadshikorum Iljin et Gontsch.
Оилаи Asteraceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодири хоси Тоҷикистон аст.
Паҳншавӣ
Танҳо дар қаторкўҳи Вахш (водии дарёи Хингоб – атрофи деҳаҳои Сич ва Яхак) паҳн гардидааст.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглох ва шағалзамини соҳили дарёҳо (дар баландиҳои 1100-1900 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба S. masarica Lipsky қаробат дорад.
Шумора
Ниҳоят кам аст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, 40-50 см қад мекашад. Баргаш (дарозиаш 2-2,4 см) тухмшакл, дарозрўяи тухмшакл, кабуд. Сабадакаш (дарозиаш 1,5-1,9 см, қутраш 2-2,5 см) дар охири шохчаҳо ҷойгир аст. Лифофааш 4-5-қатора, баргчаҳои беруниаш 3-4 мм, миёнааш 7-12 мм ва даруниаш 1,6-2 см дарозӣ дорад.
Тоҷгулаш (дарозиаш 1,2-1,3 см) сафедтоб. Тухмаш (дарозиаш 6-7 мм) қаламӣ буда, мўякчаҳои кокулаш сафеданд. Моҳи июл гул карда, август мева медиҳад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Фаъолияти хоҷагидории инсон (аз худ кардани марзҳои соҳили дарё, чаронидани чорво дар муҳити рушди намуд ва ғ.) боиси камшумории он мегардад. Бинобар маҳдуд будани муҳити рушд зери таъсири тасодуфии одам аз байн рафтанаш мумкин аст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм меафзояд. Оид ба парвариши он маълумот нест.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании ороишӣ мебошад.
Тадбирҳои ҳифз
Назорати доимии ҳолати популят сияҳои намуд, парвариш кардани растанӣ.
Сарчашмаи иттилоот:
Красная книга Таджикской ССР, 1988; Расулова, Шарипова, 1991.
ШИРДОРАКИ БАДАХШОН
Taraxacum badachschanicum Schischk.
Оилаи Asteraceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Гиёҳи камёфти хоси Помири Шарқӣ ва Олой аст.
Паҳншавӣ
Дар Тоҷикистон (мавзеъи Чечек тии Помири Шарқӣ, Хуфдара, Шорфдара, Боғевдара, Барсемдара, Биҷундара, Анҷиндара, Тусёндара, Санговдараи Помири Ғарбӣ) ва Қирғизистон (водӣ ва қаторкўҳи Олой) мерўяд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглох, шағалзор, марғазори чимак ва шибарҷойҳои дашт, заминҳои ноободи ксериофилӣ, дар баландии 2700-3600 м аз сатҳи баҳр месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ин намуд ба T. ikonnikovii Schischk.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё