КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ЗИРКИ СЕРХОР
Berberis multispinosa Zapr.
Оилаи Berberidaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди хоси маҳал.
Паҳншавӣ
Дар ҳудуди Тоҷикистон дар дараи Такоби қаторкўҳи Ҳисор ва қаторкўҳи Дарвоз, ҳавзаи дарёи Обиниов ёфт шудааст.
Муҳити рушд
Дар камари даштҳои баландкўҳ (баландиҳои 2800-3400 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Намуди ҳамшабеҳ надорад Шумора
Кам ва тоқа-тоқа вомехўрад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Буттаи хурд, то 1,5 м қад мекашад.
Навдаҳои бисёрсолааш тираранги серхор, навдаҳои яксолааш сурхи дорчинӣ. Баргаш кабудчаи сахт, аррамонанд, байзашакл.
Хўшагулаш дароз (4-6 см), 10-15 гул дорад. Мевааш байзашакл, сиёҳ, гарди баланди кабуд дорад. Тухмаш дарозрўя, сиёҳи қаҳваранг. Аз тухм ва қаламча афзоиш мекунад. Моҳҳои майиюн гул карда, июл-август мевааш пухта мерасад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омилҳои антропогенӣ: буридани буттаҳо. Барқароршавии табиӣ амалан ба назар намерасад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд. Дар коллексияи боғҳои ботаникӣ маъмул нест.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Барои интихоби навъҳои сармобардор муҳим аст.
Тадбирҳои ҳифз Назорати ҳолати муҳити рушд, парвариш ва зиёд намудани он дар боғҳои ботаникӣ ва ниҳолхонаҳои хоҷагии ҷангал.
Сарчашмаи иттилоот:
Запрягаева, 1964, 1975; Давлатов, 2007, 2012.
ЗИРКИ ҚАШГАРӢ
Berberis kaschgarica Rupr.
Оилаи Berberidaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Барои интихоби навъҳои зелоли ба сармо ва хушкӣ тобовар пешбинӣ гаштааст.
Паҳншавӣ
Ареали намуд дар ҳудуди Помири Шарқӣ, Тиён-Шон ва Тибети Шимолию Ғарбӣ маҳдуд карда шудааст.
Дар Помири Шарқӣ сарҳади болоии паҳншавии растаниҳои буттагию дарахтӣ Помиру Олой ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳудуди Ҷамонтол, дар водии дарёи Оқ-Су, дар Оқтош, водии дарёи Музду-Булақ, дар кўҳҳои Сари-Коли қаторкўҳи Бозор- Дара мерўяд.
Муҳити рушд
Зери сангҳои калон ва чуқуриҳои сертарқиш, ҳамчун буттаҳои алоҳида дар камари биёбонҳои баланкўҳ дар баландии 2700-3100 (4300) м.
Намуди ҳамшабеҳ Намуди ҳамшабеҳ надорад.
Шумора
Теъдоди намуд кам буда, дар оянда боз ҳам камшавии он ба назар мерасад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Буттаи серхори қадпаст то 80 см, бештар дар болои сангҳо паҳншуда мебошад. Навдаҳои куҳна сафеди тираранг буда, навдаҳои ҷавон ранги лоҷуварди паст доранд, ки бо хорҳои борики зарди сеаъзонок пўшида шудааст.
Баргҳо дар бандчаҳо нисбат ба хорҳо кўтоҳтар буда, нештаршакли паҳн, аз канор сершуку дандонадор мебошанд. Тўдагули ЧАТПЎШИДАТУХМҲО Angiospermae рмонанди кўтоҳ дошта, гулҳо 0,7 см андоза доранд. Меваи сиёҳ, бо гарди кабуд пўшида, таъми туршу мағзи хўрданбоб дорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омилҳои антропогенӣ: фаъолияти хоҷагидорӣ дар маҳали рушд, истифода ба сифати ҳезум ва маҳдудшавии ареал.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Тавассути тухм ва узвҳои нашвӣ зиёд карда мешавад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Аҳамияти калон барои мустаҳкам намудани соҳили дарё ва каналҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё