КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Тадбирҳои ҳифз
Ҳифзи маҳали рушд, пешгирии истифодабарӣ ҳамчун ҳезум, ҷорӣ намудани назорати ҳолати намуд.
Сарчашмаи иттилоот:
Запрягаева, 1964, 1975; Иконников, 1963; Давлатов, 2007, 2012.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ЗИРК
Berberis stolonifera Koehne et E. Wolf Оилаи Berberidaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Мавқеи систематикии намуд ба пуррагӣ омўхта нашудааст.
Аҳамияти ороишӣ ва мелиоративӣ дорад.
Паҳншавӣ
Дар ҳудуди Тоҷикистон дар ду маҳал: дар ҳавзаи дарёи Варзоби қаторкўҳи Ҳисор ва ҳавзаи дарёи Оби-Ниови қаторкўҳи Дарвоз дарёфт гардидааст.
Муҳити рушд
Дар ягон мавзеъ буттазорҳои хосро ташкил намедиҳад. Дар баландии 1100-1500 (1700) м аз сатҳи баҳр мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Намуди ҳамшабеҳ надорад Шумора
Теъдоди намуд вобаста ба маҳдудиятии ареал ниҳоят кам гаштааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Буттаи баландиаш то 3 м. Навдаҳои бешумори бо пустлоқи ранги сиёҳи тираи пўшида дорад.
Навдаҳои ҷавон ранги сурхчаи қаҳваранги ҷилодор дорои хорҳои содда ё сеаъзонок аст. Баргҳо дар бандчаҳои мевадиҳанда бутунканори баракситухмшакл, баъзан канори онҳо дандонаҳои тез доранд.
Баргҳои навдаҳои нашвӣ нисбатан калонҳаҷм буда, 11 см дарозӣ ва 5,5 см паҳнӣ доранд.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омилҳои антропогенӣ: фаъолияти хоҷагидорӣ дар маҳали рушд.мавзеъи нисбатан танги Паҳншавӣ
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Тавассути тухм ва узвҳои нашвӣ (навдаҳои решагӣ ва қаламчаҳои тобистона) зиёд карда мешавад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Аҳамияти калон барои истифода дар боғдории ороишӣ ва мелиоративӣ (беҳтаргардонии ҳолати табии заминҳо) дорад.
Тадбирҳои ҳифз
Назорати ҳолати популятсия парвариш ва зиёд намудани он тавассути боғҳои ботаникии ҷумҳурӣ.
Сарчашмаи иттилоот:
Запрягаева, 1964, 1975; Давлатов, 2007, 2012.
ЛЕПЕХИНЕЛЛАИ ХУРД
Lepechiniella minuta (Lipsky) M.Pop.
Оилаи Boraginaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар табиат маҳв гардидааст.
EW.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодиртарин, хоси Помиру Олойи Ғарбӣ мебошад.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳи Зарафшон дучор меояд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглох, дар минтақаи арчазор ва дашт (дар баландиҳои 2900-3000 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба L. korshinskyi M. Pop. (Ҳисору Дарвоз) қаробат дорад.
Шумора
Танҳо дар қаторкўҳи Зарафшон маълум аст. Ҳамагӣ як маротиба аз тарафи В. Л. Комаров (соли 1893) чинда шудааст.
Ҷустуҷўйҳои солҳои охир натиҷа надоданд. Мумкин аз байн рафта бошад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи мўякдор; 10-12 см қад мекашад. Баргаш белмонанди нештаршакл, думчааш паҳн. Хўшагулаш рости дароз (то 4,5 см). Гулаш (дарозиаш 2-2,2 мм) зангўлашакл. Моҳи август гул карда, мева медиҳад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Муайян карда нашудааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити таҷриба ё сунъӣ қайд нагардидааст.
Тадбирҳои ҳифз
Ҷустуҷўи онро дар табиат давом додан лозим аст. Дар ҳолати дарёфт мавзеъи рушдро ҳифз намудан ва парвариши онро дар шароити сунъӣ хоҷагиҳои ҷангал озмудан даркор аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё