Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд. Тухмашро кишт карданд, вале неш назад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз Муҳити рушди он бояд ба ихтиёри парваришгоҳи Оқтош гузаранда шавад.
Сарчашмаи иттилоот:
Коровин, Кинзикаева, 1962; Кинзикаева, 1968.
ШАҒАЛАК
Hammada leptoclada (M.Pop.)Iljin Оилаи Chenopodiaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси ҷанубу ғарби Помиру Олой мебошад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Ба хушкӣ, шўрзамин ва хокҳои гачдор тобовар аст. Дар таркибаш моддаҳои фаъоли биологӣ (алкалоидҳо) дорад.
Паҳншавӣ
Фақат дар ҳамвориҳои санглохи наздикўҳии қисми ҷанубӣ ва шимолии қаторкўҳи Оқтоғи Тоҷикистони Ҷанубӣ, байни дарёҳои Вахш ва Кофарниҳон тоқа-тоқа вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои хокии ҷангалзори гармсер (бодомчазор) ва саваннамонанди пасталафи Тоҷикистони Ҷанубӣ (атрофии Қизилқала, Эсанбой) дар баландиҳои 500-1000 м аз сатҳи баҳр месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба буттаи Haloxylon aphyllum, ки дар шўрзамину қумзори ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хисрав вомехўрад, қаробат дорад.
Шумора
Ҳар ҷо тўп-тўп месабзад. Миқдори умумиаш маълум нест. Ҳоло миқдораш хеле кам шудааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Бутта, қадаш 45-60 (100) см, сершох мешавад. Навдаҳои яксолаи он 15-20 см дароз шуда, рангаш сабзи зардчатоб мебошанд.
Барги майда (1-3 мм) ба навда часпидааст.
Бари қанотаки меваи ў ба 10-12 мм, ҳаҷми мевааш то 2,5
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae мм мерасад. Моҳи июл гул карда, сентябр-октябр мева мебандад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Ҳамчун ҳезум решакан кардани он ва таъсири дигар омилҳои номатлуб боиси камшумориву маҳдудии рушдгоҳи шағалак гардидааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм зиёд мешавад. Парвариш накардаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Буттаи онро бештар ҳамчун маводи сўхт истифода мебаранд.
Шағалакзор хокро аз обшўю бодлесӣ ҳифз менамояд.
Тадбирҳои ҳифз Парваришгоҳ барпо карда, чун растании хўроки чорво ва ҳифзкунандаи хок аз эрозия, парваридан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Флора Таджикской ССР. Т. 3, 1968.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
МЎРТГИЁҲ
Polycnemum perenne Litv.
Оилаи Chenopodiaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир, хоси Тиёншони Ғарбӣ ва Помиру Олойи Шимолӣ аст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳи Қурама (ҳавзаи дарёи Ашт, резишгоҳи дарёи Қўрғонтош) паҳн гардидааст.
Берун аз ҳудуди Тоҷикистон
– дар Ўзбекистон ва Қирғизистон вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглохзор ва сангрезаҳо (дар баландии қариб 1000 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ягона намояндаи нимбуттагии авлоди мўртгиёҳ дар Осиёи Марказӣ буда, танҳо ба P.
fontanesii Dur. et Moq.(Марокко) қаробат дорад.
Шумора
Кам аст. Тоқа-тоқа мерўяд. Дар атрофи муҳити Қўрғонтош дар 1 км2 ҳамаш шуда 12 бехи мўртгиёҳ ба ҳисоб гирифта шудааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Нимбуттачаи решааш пурқуввати ғафс, 5-10 см қад мекашад.
Пояаш бо мўякчаҳои кўтоҳ пўшида шудаанд. Баргаш сершумори дарафшмонанди қаламӣ ва хордор. Моҳи май-июн гул карда, мева медиҳад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Маълум нест.

пешина
аз 256
навбатӣ