Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм меафзояд. Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ қайд нагардидааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Эҳтимол хўроки ҳайвонот бошад.
Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Ҳолати рушдгоҳҳоро муайян, назоратро аз болои он пурзўр ва мавзеъи рушдро ба парваришгоҳи табии "Оқтош" ҳамроҳ кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Кинзикаева, 1988; Красная книга Таджикской ССР, 1988; Тўрақулов, Ҳомидов, Ғаффоров, 2010.
ШЎРАГИЁҲ
Salsola drobovii Botsch.
Оилаи Chenopodiaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир, хоси Тиёншони Ғарбӣ аст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳи Қурама паҳн гардидааст.
Берун аз ҳудуди Тоҷикистон дар Ўзбекистон ва Қирғизистон (доманакўҳҳои шимоли қаторкўҳи Олой) вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглохи шағалдор, дар минтақаҳои биёбони шибоғзори шўракдор ва ҷангалзори гармсер (дар баланди­ ҳои 1000-1100 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба S. arbuscula Pall. (Осиёи Марказӣ) қаробат дорад.
Шумора
Беҳад кам аст. Тоқа-тоқа месабзад.
Захираи умумии он маълум нест. Дар соли 2009 дар атрофи деҳаи Корамазор (дар майдони қариб 10 км2) 187 бехи он қайд карда шудааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Нимбуттача буда, то 40 см қад мекашад.
Баргаш (дарозиаш то 25 мм) қаламии лўламонанди нўгаш кунд. Баргчаҳои наз-дигулаш пардамонанди кушодаранг ё сурхчатобанд. Қутри мева 2,5-3 мм. Моҳи июл гул карда, сентябр мева медиҳад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Қисми калони муҳити рушди шўрагиёҳ дар натиҷаи аз худ
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae кардани мавзеъи Ашти Калон аз байн рафтааст. Рушдгоҳҳои дар атрофи шаҳраки Адрасмон ва деҳаи Корамазор мавҷудбуда дар ҷараёни коркарди маъданҳои кўҳӣ хароб гаштааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм меафзояд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании хошокбоб аст. Барои ҷангалзорҳо низ муҳим мебошад.
Тадбирҳои ҳифз
Ҳолати маҳалҳои рушди намудро назорат кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Кинзикаева, 1968; Красная книга Таджикской ССР, 1988; Тўрақулов, Ҳомидов, Ғаффоров, 2010.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
БОЛИШТАКШЎРА
Salsola pulvinata Botsch.
Оилаи Chenopodiaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Аҳамияти таснифотиву биологӣ дорад.
Паҳншавӣ
Хоси Тоҷикистони Ҷанубӣ аст.
Танҳо аз қаторкўҳи Хоҷақозиён ёфтаанд.
Муҳити рушд
Дар оҳаксангҳои урён (дар баландиҳои 750-1550 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба S. persica Bunge, ки дар Эрон мерўяд, қаробат дорад.
Шумора
4 популятсияи онро, ки ҳар кадом аз даҳҳо ва садҳо «болиштак» (чимак) иборат аст, дарёфт кардаанд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Гиёҳи нимбутаи болиштакшакл, 5-25 см диаметр дорад. Танаи он бо мўякчаҳо пўшонида шудааст.
Баргҳо тунуки ҷадвалшакл. Дарозии баргҳо то 3 мм. Баргҳои назди гул 2,5 мм ва нештаршакл мебошад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар муҳити рушди растанӣ мунтазам чарондани чорво хатари нестшавиро ба миён овардааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.

пешина
аз 256
навбатӣ