КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Тадбирҳои ҳифз Чаронидани чорво ва ҷамъоварии гиёҳҳоро манъ намудан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Бочансев, 1963; Тахтаджян, 1975; Овчинников и др., 1977.
РУМОРАНӢ
Seidlitzia rosmarinus (Ehrh.) Bunge
Оилаи Chenopodiaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Мумкин аст солҳои наздик дар ҳудуди Тоҷикистон тамоман барҳам хўрад.
Паҳншавӣ
Дар ҷумҳурӣ фақат дар поёноби дарёҳои Вахш ва Кофарниҳон мерўяд. Дар Ўзбекистони Ҷанубӣ, Туркманистон ва берун аз он дар Миср, Фаластин, Эрону Афғонистон низ месабзад.
Муҳити рушд
Дар шўрзамин, минтақаи нимсаваннаҳои алафаш паст ва шўразор (дар баландиҳои (350-400 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба S. florida (Bieb.) Bunge (ҷануби шарқи Кавказ, Эрон) қаробат дорад.
Шумора
Кам мондааст. Ҷузъи ҷомеаи набототи галофитон аст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Нимбуттаест то 1 м. Навдаҳои яксолаи он рангаш сафед ва танааш суфта аст. Пояҳои бисёрсолааш ранги хокистарӣ дорад. Баргаш 20-25 мм. Гулаш дар хушаҳо ҷойгир аст.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар натиҷаи киштукор ва чарондани чорво муҳити рушди руморанӣ танг шудааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз Қитъаҳоеро, ки дар онҳо руморанӣ мерўяд, муҳофизат бояд кард Сарчашмаи иттилоот:
Ильин, 1936; Кинзикаева, 1968.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
СИЁҲДАРАХТ
Thelycrania darvasica Pojark.
Оилаи Cornaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Хоси Тоҷикистон.
Паҳншавӣ
Фақат аз атрофи деҳаи Кеврон (нишебии ҷануби қаторкўҳи Дарвоз) ёфтаанд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои сафедору чинорзор (дар баландиҳои 1250- 1300 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Бештар ба Th. meyeri Pojark.
(Кавказ, Осиёи Марказӣ) қаробат дорад.
Шумора
Ҳамагӣ чанд бехи он ба қайд гирифта шудааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Дарахти начандон калон аст, то
5 м қад мекашад. Баргаш тухмшакл, муқобили ҳамдигар ҷойгир аст. Гулчанбари сипарчашакл дорад (аз 50-60 гул иборат аст). Гулаш сафед. Мевааш донакмеваи пуффакшакл (қутраш тақрибан 0,4 см), моҳи август мепазад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Аз сабаби хеле камшумор ва маҳдуд будани муҳити рушд аз байн рафтанаш мумкин.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм зиёд мешавад. Сиёҳдарахти кишта хуб нумў мекунад.
Онро дар боғҳои набототи Душанбе, Хоруғ ва боғи набототи кўҳии Варзоб кўчат кардаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Барои ороиши гулгашту хиёбонҳо аҳамият дорад.
Тадбирҳои ҳифз Онро фавран парвариш бояд кард. Сиёҳдарахтеро, ки дар муҳити табиӣ мерўяд, қатъӣ муҳофизат кардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Пояркова, 1951; Тахтаджян, 1975.
УШКУФАИ ЗАРД
Rosularia lutea Boriss.
Оилаи Crassulaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Помиру Олой.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намудест, ки зери хатари нестшавӣ қарор дорад.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Олой, Вахш ва Дарвоз мерўяд.
Муҳити рушд
Дар тарқиши шахҳои оҳаксанг, буттаву дарахтзори сирак (дар баландиҳои 2800-2900 м аз сатҳи баҳр) месабзад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё