КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Паҳншавӣ
Дар соҳили чапи дарёи Варзису, атрофи деҳаи Боғ, дар нишебиҳои ҷануби қаторкўҳи Дарвоз мерўяд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои хокҳои сурх, санглох, минтақаи нимсаваннаи алафаш паст ва ҷангалзори хушкидўст (шибляк) дар баландиҳои 650-1000 м аз сатҳи баҳр вомехўрад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба Сh. аfghahica Rech. F. et Koje., ки дар ҷанубу ғарбии Афғонистон месабзад, монандӣ дорад.
Шумора
Кам аст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Гиёҳи бисёрсола. Решааш дарози чўбгашта (қутраш 4-5 мм). Мевааш (5,5 мм) дарози гирда, рангаш ҷигарии зайтунӣ. Моҳи апрелмай гул карда, мевааш май-июн мепазад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Мунтазам чаронидани чорво сабаби асосии маҳдудии рушдгоҳи он мегардад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ омўхта нашудааст. Аз тухм зиёд мешавад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Муҳити рушд бояд қатъӣ ҳифз карда шавад.
Сарчашмаи иттилоот:
Борисова, 1964; Расулова, Шарипова, 1978, Флора Таджикской ССР, т. V, 1978.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
НАХЎДИ ХУРОСОНӢ
Cicer chorossanicum (Bunge) M. Pop.
Оилаи Fabaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
термофилӣ (дар баландиҳои 1700- 2400 м аз сатҳи баҳр) вомехўрад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Омўхта нашудааст.
Паҳншавӣ
Дар деҳаи Похурд (нишебиҳои ҷануби қаторкўҳи Туркистон) ва дараи Пастгиф (нишебиҳои шимоли қаторкўҳи Зерафшон) мерўяд. Берун аз ҳудуди Тоҷикистон дар Эрони Шарқӣ ва Афғонистони Ғарбӣ месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Дар ҳудуди ИДМ фақат ба нахўд С. arietinum L. монандӣ дорад.
Шумора
Хеле кам мебошад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Афзоиш дар шароити таҷриба ва сунъӣ омўхта нашудааст. Нахуди хуросониро дар Эрони Шарқӣ мекоранд ва эҳтимол аз он ҷо бо мақсади киштукор ба Тоҷикистон овардаанд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои сангдор ва хокӣ, минтақаи ҷангалзори хушкидўст (шибляк) ва арчазорҳои Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании яксола буда, 8-15 см қад мекашад. Пояаш бо мўякчаҳо пўшида шудааст. Наздбаргааш дароз, баъзан дандонадори серпат. Баргаш (1,5-1,7 см) бо мўякчаҳо фаро гирифта шудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Муҳити рушди онро ҳифз бояд кард. Нахўди хуросониро, ки барои навърўёнӣ аҳамияти калон дорад, дар боғҳои ботаникӣ кишт кардан зарур аст.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Қатъ гардидани нахўдкорӣ ва дар маҳалҳои рушди он чаронидани чорво.
Сарчашмаи иттилоот:
Расулова, Шарипова, 1978; Флора Таджикской ССР, т. V, 1978.
ЭВЕРСМАННИЯИ СУҒДӢ
Ewersmannia sogdiana Ovcz.
Оилаи Fabaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси ғарби Помиру Олой мебошад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Омўхта нашудааст, вале чун намуди хоси маҳал аҳамияти илмӣ дорад.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳи Зарафшон (атрофи деҳаи Риват, дараи Испана) мерўяд. Эҳтимол дар кўҳҳои Саритоғи Тоҷикистони Шимолӣ низ вохўрад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглохи минта қаи хушкидўст (шибляк) дар баландиҳои 1700-1800 м аз сатҳи баҳр мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба намуди E. subspinosa (Fedtsch.) B. Fidsch, ки дар Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон паҳн шудааст, монандӣ дорад. Маҳалҳои наздики сабзиши намуди монанди он дар қаторкўҳҳои Саритоғи нишебии шимоли қаторкўҳи Туркистон, ноҳияи Исфара ва Кўҳитанг (Сусизтоғ) ҷойгиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё