Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Шумора
Маълум нест. E. A. Короткова соли 1948 онро як маротиба аз атрофи деҳаи Ревати дараи Испана ҷамъ намудааст.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Хусусиятҳои биоморфологӣ Нимбутта, 50-60 (80) см баландӣ дошта, сершохаю хорнок аст.
Баргаш (2-5 см) кўтоҳдумча, пашмакдор; аз 3-7 ҷуфт баргчаҳо иборат аст. Моҳи июн гул мекунад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Маълум нест. Мумкин, таъсири омилҳои гуногуни хоҷагидории инсон сабабҳои асосӣ бошанд.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Омўхта нашудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Онро ҷустуҷў ва муҳити рушдашро пурра муҳофизат ва чун гули зебо парвариш кардан зарур аст Сарчашмаи иттилоот:
Горшкова, 1948, Овчиников, 1978, Флора Таджикской ССР, т.
V, 1978.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
КАМПИРМУНЧОҚ
Hedysarum hemithamnoides Korotk.
Оилаи Fabaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодиртарин, хоси кўҳи Муғул аст.
Паҳншавӣ
Танҳо дар кўҳи Муғул мерўяд.
Муҳити рушд
Дар майдончаҳои ҳамвори назди қуллаҳо, дар қитъаи ҷангалзори гармсер (дар баландии қариб 1900 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба H. severzovii Bunge (Тиёншон) қаробат дорад.
Шумора
Ягона популятсияи ин растанӣ қариб 0,5 га масоҳат дорад, ки адади онҳо аз 200-300 бех зиёд нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Нимбуттаи бисёрпоя, то 60 смқад мекашад. Баргаш тоқаи паршакл, аз 6-9 ҷуфт баргчаҳои дарозрўяи борик иборат аст. Гулаш арғувонӣ, мевааш 1-2-тухма мебошад.
Моҳи май гул карда, июн мева медиҳад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Муайян нашудааст. Эҳтимол, рақобатнопазирӣ, инкишоф наёфтани тухм ва зарар дидани он аз ҳашарот сабаби тағйири шумора ва ареал шуда бошад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм зиёд мешавад. Кишти он дар Боғи ботаникии ш. Хуҷанд натиҷа надодааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании ороишӣ мебошад.
Тадбирҳои ҳифз
Мавзеъи рушди онро бояд пурра ҳифз намуд. Хусусиятҳои биологии онро омўхта, парвариш кардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Каримова, 1978; Красная книга Таджикской ССР, 1988; Тўрақулов, Ҳомидов, Ғаффоров, 2010.
ТАНГАГИЁҲ
Hedysarum korshinskyanum B.Fedtsch.
Оилаи Fabaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Ҳамчун маводи ғизоӣ истифода бурдани он омўхта нашудааст.
Паҳншавӣ
Фақат дар байни деҳоти Гузар ва Киштути нишебиҳои шимоли қаторкўҳи Зарафшон месабзад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои гилхоку сершағал (дар баландиҳои 1000-1400 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба тангагиёҳи кавказӣ H. nitidum Willd. қаробат дорад.
Шумора
Солҳои охир онро касе начиндааст.
Эҳтимол аз байн рафта бошад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растанӣ то 45 см қад мекашад.
Наздбаргҳояш нештаршакл 0,8- 1,3 см. Баргаш тоқаи паршакл, аз 3-4 (5) ҷуфт баргчаҳо таркиб ёфтааст.
Моҳҳои май-июн гул карда, июн-июл самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар муҳити рушди тангагиёҳ чаронидани чорво ва таъсири
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae омилҳои дигари хоҷагидории инсон боиси нестшавии он мегарданд.

пешина
аз 256
навбатӣ