КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт, аз нигоҳи илмӣ омўхта нашудааст.
Паҳншавӣ
Дар Тоҷкистон фақат дар қаторкўҳи Ишкошим дар байни деҳаҳои Гоҷак ва Нишуспи ноҳияи Шуғнон месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба J. baldshuanica (O.et B.Fedtsch.) Vved., ки дар қаторкўҳи Дарвоз месабзад, монандӣ дорад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои шағалдору хокӣ дар минтақаи нимбиёбони кўҳсор (дар баландиҳои 2200-2700 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Шумора
Хеле кам аст, муҳити рушдаш маҳдуд мебошад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи пиёзакдор буда, то 15-20 см қад мекашад.
Пиёзакаш дарозрўя, қутраш то
3 см, бо ҷилди серқабати хокистарранг пўшонида шудааст. Гулаш зардчатоб. Моҳи апрел- май гул карда, май-июн самар меорад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Таъсири инсон ба табиат, ҳамчун чарогоҳ истифода намудани Муҳити рушд Истифодаи заминҳо барои кишти зироат.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар Боғи ботаникии Помир парвариш карда мешавад. Ба шароити таҷриба тобовар буда, аз тухм ва пиёзак месабзад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании зебо аст. Дар оянда ҳамчун растании ороишии авали баҳор онро метавон истифода бурд.
Тадбирҳои ҳифз
Ҷамъоварии тухму пиёзакҳо ва парваридани растанӣ барои ҳифз ва таҳқиқи он зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Абрамов, 1972; Наврузшоев, 2013.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
БУЗЛОҶ
Dracocephalum formosum Gontsch.
Оилаи Lamiaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Ғарби Помиру Олой аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир.
Паҳншавӣ
Дар Тоҷикистон аз қисми миёнаи ҳавзаи дарёи Варзоб (дарёҳои Варзобу Лучоб ва дараи Сиома) пайдо кардаанд. Дар ҳавзаи дарёи Туфаланги Ўзбекистон низ вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар шибарзамин ва минтақаи марғзори баландкўҳ (тақрибан дар баландиҳои 2400-3000 м аз сатҳи баҳр) тоқа-тоқа месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Хелҳои ҳамшабеҳи бузлоҷ фақат дар ҷануби ғарби Хитой мерўянд.
Шумора
Кам аст. Аввали солҳои 70-уми асри 20 дар пуштаи Рўидашт бузлоҷи башумор монда буд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, то 15-58 см мешавад. Пояаш рост, чорқира.
Баргаш тунук, сабзи равшан, қисми болояш гирд; баргҳои наздирешагиаш (6 – 10 см) дилшакланд.
Тудагулаш (7- 10 см) байзашакл ё гирд, аз 8 гул иборат аст. Тухмаш (то 5 мм) гирди байзашакл.
Моҳи май – август гул карда, август – сентябр самар меорад.
Афзоиш
Аз тухм зиёд мешавад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Бузлоҷ мумкин аст дар натиҷаи чарондану поймол кардани чорво нест гардад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании зебои ороишӣ мебошад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот нест.
Тадбирҳои ҳифз
Бузлоҷро чун растании хуби ороишӣ дар маҳаллҳои рушди он ҳифз карда, дар Боғи набототи ш. Душанбе ва Бунгоҳи набототи кўҳии Кондара парвариши онро санҷидан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Гончаров, 1938; Шишкин, 1954; Тахтаджян, 1975.
ШАХСАБЗАК
Kudrjaschevia korshinkyi (Lipsky) Pojark.
Оилаи Lamiaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Гиёҳи кам таҳқиқшуда, хоси қаторкўҳи Дарваз ва Язғулом аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё