Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Паҳншавӣ
Дар нишебии ҷануби қаторкўҳи Дарвоз (байни деҳоти Даштак ва Курговад; атрофи деҳаи Даштак; дараи дарёи Обихарак) ва Помири Ғарбӣ (дар ҳавзаи дарёи Бартанг, деҳаи Бартанг) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба намуди K. allotricha Pojark.
(Помири Ғарбӣ) монандӣ дорад.
Муҳити рушд
Дар тарқиши шах ва зери сангҳо (дар баландиҳои 1800-3300 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Шумора
Хеле кам аст. Миқдори умумии онро то ҳозир наомўхтаанд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, пояааш 23-
26 см буда, баргҳои борики сабз дорад (дарозиаш 1,2-2 см, бараш 1-2,3 см). Гулаш дар нўги поя ҷойгир шудааст. Гулбаргҳояш кабуд.
Моҳи июн гул карда, июл самар меорад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити сунъӣ омўхта нашудааст.
Дар шароити табиӣ аз тухм зиёд мешавад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Маълум нест.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Таъсирҳои антропогенӣ.
Тадбирҳои ҳифз
Дар шароити табиӣ ҷойҳои зисти ин намудро муайян карда, қатъӣ ҳифз намудан ва парваридан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Липский, 1904; Иконников, 1979; Наврузшоев, 1998; 2013.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
АЛАФИ ШАХ
Kudrjaschevia nadinae (Lipsky) Pojark.
Оилаи Lamiaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Хоси Тоҷикистони Шарқӣ аст.
Паҳншавӣ
Онро танҳо дар қисми ғарби қаторкўҳи Язғулом (дараи Матраун ва Одудӣ) пайдо кардаанд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба К. korshinskyi (Lipsky) Pojark.
(Дарвоз) қаробат дорад.
Муҳити рушд
Дар тарқиши шах (дар баландиҳои 2700-2900 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Шумора
Хеле кам аст. Тоқа-тоқа вомехўрад.
Шумора ва биологияи он дар табиат маълум нест.
Афзоиш
Аз тухм зиёд мешавад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола. Пояаш рост.
Баргаш соддаи аррашакл. Шакли барг белчамонанди думчадор.
Гулҳо дар бағали барг ҷойгир аст.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Таъсири тасодуфии омилҳои рўзгори инсон мумкин аст боиси камшумории он гардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд.
Тадбирҳои ҳифз
Онро дар табиат ҷустуҷўй бояд кард. Баъди пайдо кардани алафи шах вазъ ва усулҳои ҳифзи онро муайян намудан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Липский, 1904; Пояркова, 1954; Дарвозиев, 1973; Иконников, 1979.
ЭРИЕНТЕРА
Erianthera rhomboidea Benth.
Оилаи Lamiaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Язғулом (Уҷомдара) ва Ванҷ (дараи Бунай) вомехўрад.
Хелҳои ҳамшабеҳ.
Ба Е. afghanica (Rech. f.) R. Kam.
(шимоли шарқи Афғонистон) ва Е. anomala Juz. (Помиру Олой, Тиёншон) қаробат дорад.
Муҳити рушд
Дар шағалҷойҳои биёбондаштҳои зўлзадазор ва набототи ксериофилӣ, дар баландиҳои 2100- 3600 м аз сатҳи баҳр месабзад.
Шумора
Хеле кам аст. Миқдори умумии эриантера дар табиат ва биологияи он маълум нест.
Афзоиш
Аз тухм зиёд мешавад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании яксола Пояҳояш рост.
Баргҳои содда дорад. Баргҳо мутақобил ҷойгиранд. Гулҳо дар бағали баргҳо ҷойгиранд.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Таъсири тасодуфии омилҳои хоҷагидории инсон ва чарондани чорво боиси боз ҳам кам гардидани он мегардад.

пешина
аз 256
навбатӣ