Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Муҳити рушд
Дар нишебиҳои хокию сершағал, минтақаи нимсаваннаи алафзори хўшадори баланд, ҷангалзори гармсер (дар баландиҳои 900-1300 м аз сатҳи баҳр) нумў меёбад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба G. holochiton M. Pop. et Gzug.
(ғарби Помиру Олой) қаробат дорад.
Шумора
Кам аст. Тўп-тўп месабзад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, 2-3 пиёзаки бо ҳам часпида ё тоқи тухмшакл (қутраш 5-7 мм) дорад. Пояаш аз паҳлўи пиёзак сабзида, 10-20 см қад мекашад. Гулбаргаш (1,2-1,5 мм) дароз, зард, қисми миёнааш рахи сабз дорад. Моҳи март гул карда, апрел самар меорад.
Афзоиш
Аз тухм ва бо роҳи нашвӣ зиёд мешавад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Чаронидани чорво ва истифодаи муҳити рушд сабаби нестшавии ғозипиёз мегарданд.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Гули зебои ороишӣ мебошад.
Тадбирҳои ҳифз
Вазъи табиии ғозипиёзро ба зери назорат гирифта, тухмашро ҷамъ овардан ва парваридан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1946, 1963, 1971.
ҲОЛМОН
Fritillaria еduardii Regel Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Паҳншавӣ
Дар Помиру Олои Марказӣ ва Ҷанубӣ, водии дарёи Сох ва Афғонистони Шимолӣ мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба P. imperiale J. St. –Hil., ки дар Эрон мерўяд ва дар бисёр ҷойҳо парвариш мекунанд, қаробат дорад.
Муҳити рушд
Дар зери буттаву дарахтон, шағали оҳаксангдор, минтақаи ҷангалзори паҳнбарг ва гармсер, нимсаваннаи алафаш баланд (дар баландиҳои 1200-2100 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Шумора
Солҳои охир босуръат кам шуда истодааст. Миқдори умумиаш маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании пиёзакдор буда, 60-90 см қад мекашад. Гулҳояш калон (қутраш 8-10 см), зангўламонанд, гуногунранг (аз сурху норинҷӣ то зарди пасти гулобиранг). Моҳи апрел-май гул карда, май-июн самар меорад. Аз тухм ва пиёзак зиёд мешавад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Сокинони таҳҷоӣ ва сайёҳон гули ҳолмонро даста-даста мечинанд,
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae пиёзакашро барои истеъмол меғундоранд.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар боғҳои набототи шаҳрҳои Душанбе ва Кўлоб мепарваранд.
Тадбирҳои ҳифз
Барои чиндани гули ҳолмон ва пиёзаки он бояд рухсатномаи махсус ҷорӣ карда шавад.
Онро бештар парваридан ва парваришгоҳҳо барпо кардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963; Рябова, 1965; Тахтаджян, 1975; Белоусова и др., 1978; Бобоев ва диг., 2010.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ҶУРҒОТАК
Scilla raevskiana Regel Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷи­ кистони Ҷанубӣ аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир.
Паҳншавӣ
Аз чанд муҳити Тоҷикистони Ҷанубӣ (Хоҷамуъмин, Балҷувон, Муъминобод, Ҷилонтоғ, Кўк, Сайёд) пайдо кардаанд.
Муҳити рушд
Дар минтақаи набототи эфемерӣ (хоклес) дар баландиҳои 600-1000 м аз сатҳи баҳр месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ҷурғотак дар байни дигар намояндагони ҷинси Scilla мавқеи хоса дорад ва аз ҳамаи онҳо ба куллӣ фарқ мекунад.
Шумора
Тўп-тўп месабзад. Камшумор аст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола. Пиёзакаш тухмшакл (қутраш 1-1,5 см). Аз 2-5 барги сабзи тасмашакл иборат аст. Пояаш 10-15 см қад мекашад, 1-2 (3) гул дорад. Гулбаргҳояш (1,5-2 см) кабуд. Моҳи март-апрел гул карда, апрел-май самар меорад.

пешина
аз 256
навбатӣ