Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Чарондани чорво ва бо мақсадҳои хоҷагӣ истифода бурдани муҳити рушди ҷурғотак сабаби нестшавии он мегарданд.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар боғҳои набототи ш. Санкт- Петербург, ш. Душанбе ва ш.
Кўлоб мепарваранд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Гули зебои ороишӣ мебошад.
Тадбирҳои ҳифз Дар кўҳсори Хоҷамуъмин барпо кардани парваришгоҳ ва ҳамчун гули зебо бештар парваридан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963.
ШАХЛОЛА
Tulipa affinis Z. Botsch.
Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди хоси Помиру Олой аст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳи Туркистон (дараи Тагоба) паҳн гардидааст.
Берун аз ҳудуди Тоҷикистон дар Қирғизистон ва Ўзбекистон (қаторкўҳҳои Чатқол, Фарғона, Олой) вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглох ва маҳинхок, дар минтақаи арчазори гармидўст (дар баландиҳои 2000- 2500 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба T. fosteriane Irving (ғарби Помиру Олой) қаробат дорад.
Шумора
Тоқа-тоқа ва бо гурўҳҳои хурд (2
– 8 бех) вомехўрад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи пиёзакдор буда, то 50 см қад мекашад.
Пиёзбехаш тухмшакл, бо ҷилди қаҳваранги сиёҳтоб пўшида шудааст.
Моҳҳои апрел – май гул карда, июн – июл мева медиҳад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Чиндани гулу пиёзакҳо, аз ҳад зиёд чаронидани чорво.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм ва бо роҳи нашвӣ зиёд мешавад. Боғи ботаникии ш.
Хуҷанд парвариш карда буданд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании зебо буда, барои боғдории ороишӣ ва сабзкорӣ истифода бурдан мумкин аст.
Тадбирҳои ҳифз Ҳифзи муҳити рушди онро пурзўр намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Бочансева, 1962; Введенский, 1963; Красная книга Таджикской ССР, 1988; Ғаффоров, 1992, 1998; Тўрақулов, Ҳомидов, Ғаффоров, 2010.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ЛОЛАИ ДАРВОЗ (БОЙЧЕЧАК)
Tulipa anisophylla Vved.
Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Растинии хеле нодир мебошад.
Паҳншавӣ
Фақат дар як муҳити Тоҷикистон (байни деҳаҳои Шикай ва Куфи пастхамии ҷанубии қаторкўҳи Дарвоз) дарёфт гардидааст.
Муҳити рушд
Дар камари ҷангалзори гармсери сирак (шибляк) дар баландиҳои 1200-1400 м аз сатҳи баҳр месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Мумкин аст ба T.linifolia Regel қаробат дошта бошад.
Шумора
Дар 20 соли охир онро нашумурдаанд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, пиёзаки байзашакл (қутраш 1,5 то 2,5 см) дошта, бо пўстлохи ҷигарӣ ва мўякчаҳо пўшида шудааст. Баргаш (3 адад) гуногун андоза буда, ба якдигар наздик ҷойгиранд.
Давраи гулшукуфташ моҳи март аст.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омилҳои асосии маҳдудкунанда
– сохтмони роҳҳои автомобилгард, чиндани бемайлони гулу пиёзакҳо, аз ҳад зиёд чаронидани чорво.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм зиёд мешавад, аммо дар шароити сунъӣ насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании хеле зебо ва ороишӣ буда, барои сабзкории боғу хиёбонҳо истифода бурдан мумкин аст.

пешина
аз 256
навбатӣ