КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Махсусан солҳои сербориш фаровон мерўяд. Дар шароити сунъӣ омўхта нашудаст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Маълум нест.
Тадбирҳои ҳифз Барои ҳифзи болиштак таъсис намудани парваришгоҳ зарурият дошта, онро чун гули зебо дар Боғи набототи ш. Душанбе сабзондан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Линчевский, 1940, 1979.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
АНҶИРИ КЎҲӢ
Ficus afghanistanica Warb.
Оилаи Moraceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Ба ҷануби Осиёи Марказӣ ва Афғонистони Шимолӣ мансуб аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди ниҳоят камёфт буда, аҳамияти илмӣ дорад.
Паҳншавӣ
Дар Тоҷикистон (ҷануби ғарби Помиру Олой), Туркманистон (ноҳияи Кўшк) ва Афғонистони Шимолӣ мерўяд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглоху хокӣ, сершағал ва ҷануби назди дарвоз, минтақаи ҷангалзори гармсер дар баландии 1500 м аз сатҳи баҳр месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Бештар ба Ficus carica L., ки дар мамлакатҳои қисми шарқи баҳри Миёназамин маъмул аст, қаробат дорад.
Шумора
Кам аст. Тоқа-тоқа (баландиаш
10 м), баъзан тўп-тўп (буттамонанд) вомехўрад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Дарахтест пояҳои рост дорад.
Навдаҳои ҷавони анҷир аз мўякчаҳо иборат аст. Баргаш дароз (12-24 см), паҳн (12-18 см), секунҷаи дилмонанд. Қисми поёни барг мўякчадор, рангаш сафедча.
Мевааш нокшакл, дар вақти пухтан зардчатоб ё бунафшранг мешавад. Буттааш то 2,5-3 м қад мекашад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Бисёр вақт онро барои ҳезум мебуранд.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм ва бехҷаст (нашвӣ) зиёд мешавад. Дар боғҳои набототи ш. Душанбе парвариш мекунанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Ҳамчун дарахти мева истифода бурда мешавад, аҳамияти тиҷоратӣ дорад.
Тадбирҳои ҳифз Онро дар шароити табиӣ зери назорат гирифта, буриданашро манъ кардан лозим аст. Дар нишебии ҷануби қаторкўҳи Дарвоз парваришгоҳ барпо бояд кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Запрягаева, 1964, 1968; Шарипов 1980.
АНҶИР (ТИН)
Ficus carica L.
Оилаи Moraceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди ниҳоят камёфт буда, аҳамияти илмӣ дорад.
Паҳншавӣ
Анҷири худрўй дар нишебиҳои ҷануби қаторкўҳи Дарвоз ва берун аз хоки ҷумҳурӣ дар Кабуддоғ, Балхони Калон ва Кавказ мерўяд. Дар Осиёи Хурд, Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон низ месабзад.
Муҳити рушд
Асосан дар доманакўҳҳо месабзад, вале дар нишебиҳои ҷануби офтобрўяи миёнакўҳҳо ҳам, ки намиашон муътадил аст, вомехўрад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба Ficus afghanistanica Warb.
(ҷануби Осиёи Миёна, Афғонистон) қаробат дорад.
Шумора
Кам аст. Дарахт ё буттаи анҷир одатан тоқа-тоқа, баъзан тўп- тўп вомехўрад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Дарахти анҷир (дар шароити парвариш) то 10-12 м қад мекашад.
Пўсташ хокистарранги суфта; ҳамаи узвҳояш ҷиҳози ширбарор дорад, ки шираи сафеди ғафс хориҷ мекунад. Мевааш тухммонанд, мурудшакл, лўнда ё кулчамонанди зард, сабз, бунафш, бўр, сертухм ва сергўшт.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар шароити табиии Тоҷикистон ниҳоли анҷиреро, ки аз тухм рустааст, пайдо накардаанд. Бисёр вақт дарахти анҷирро мебуранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё