КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Моҳи август самар меорад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Таъсири тасодуфии омилҳои хоҷагидории инсон боиси аз байн рафтани он мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Омўхта нашудааст. Ба воситаи тухм афзоиш мекунад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Муҳити рушди онро дар табиат омўхта, дар сурати пайдо кардани маҳалҳои нав қатъӣ муҳофизат ва парвариши онҳоро ба роҳ мондан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Линчевский, 1952.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
БОЛИШТАКИ ГУРГ
Neogontscharovia mira Lincz.
Оилаи Limoniaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷикисто ни Марказӣ аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт, аз ҷиҳати илмӣ таҳқиқ нашудааст.
Паҳншавӣ
Аз нишебиҳои ҷануби қаторкўҳҳои Ҳисор (ҳавзаи дарёи Канази Тоҷикистон) ҷамъ карда шудааст.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои шахсор (дар баландии тақрибан 1500 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба N. miranda Lincz., ки аз ҳавзаи дарёи Туфаланг ҷамъ карда шудааст, монандӣ дорад.
Шумора
Маълум нест. Эҳтимол хеле кам бошад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании болиштакшакл, қутраш қариб 10 см. Баргаш 1-1,5 (2) мм дарозӣ дошта, нўгаш сўзанмонанд аст. Пояи гулдораш то 15-20 см қад мекашад. Гулаш сафедча. Моҳҳои июл-август гул карда, август самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Эҳтимол аз сабаби маҳдудии ареал аз байн равад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Мумкин аз тухм зиёд мешавад.
Дар шароити сунъӣ омўхта нашудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Маълум нест.
Тадбирҳои ҳифз
Дар табиат ҷустуҷўй карда, вазъи рушди онро омўхтану барои муҳофизаташ тадбирҳо андешидан лозим аст Сарчашмаи иттилоот:
Линчевский, 1971.
БОЛИШТАК
Vassilczenkoa sogdiana Lincz.
Оилаи Limoniaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Гиёҳи хоси Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Афғонистони Шимолӣ буда, руштгоҳаш торафт маҳдуд шуда истодааст. Фақат як навъ дорад.
Паҳншавӣ
Дар доманакўҳҳо аз ҷануби Наздидарвоз (дар шарқ) то қаторкўҳи Боботоғ – дар ғарб (қаторкўҳҳои Тирх, Қаратов, Тираклитов, Чолтов, Табақчӣ ва Ариқтов) вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар ҷинсҳои регсанги сурх, ҷангалзори гармсер (пистазор, бодомзор, туғзор, челонзор), бештар дар нишебиҳои кушод мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Аз рўи таснифот ба Chaetolimon setiferum (Bunge) Lincz. ва Ch.
limbatum Lincz., ки дар Тиёншони Ғарбӣ то ғарби Помиру Олой фаровонанд , монандӣ дорад.
Шумора
Маълум нест, вале ба 2-3 ҳазор бех мерасад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, пояаш то 20-
90 см қад мекашад. Баргаш (дарозиаш 8-12 см, бараш 2-4 мм) гуногун, сабз. Пояҳои гулдораш 5-20 адад. Моҳҳои май-июл гул карда, июн-август самар меорад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар ҳудуди рушди болиштак киштани зироати кишоварзӣ ва дар давраи гулшукуфти он чиндан боиси камшуморӣ ва маҳдудии муҳити сабзиш мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Қисме аз муҳити рушди растанӣ ҳангоми роҳкушоӣ, ташкили истироҳатгоҳҳо ва ҳамчун чарогоҳ истифода намудан зарари ҷиддӣ мебинад. Аз тухм зиёд мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё