КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглох ва регсангҳои сурх (дар баландии қариб 1200 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Шумора
Хеле камшумор ва муҳити рушдаш маҳдуд аст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Буттаест сершоху барг, то 75 см. Баргҳои гирд ва ғафс дорад.
Баргҳо думчадор. Пояҳояш рост.
Моҳҳои май гул карда, самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Аз худ кардани заминҳо ва чаронидани чорво. Дар натиҷаи таъсири омилҳои хоҷагидории инсон аз байн рафтанаш мумкин аст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Эҳтимол аз тухм зиёд шавад.
Насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Ҳолати нашъунамои онро дар табиат ба зери назорат гирифта парваридан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Бочансев, 1963; Чукавина, 1968.
ПОЧАИ ХОТУН
Atraphaxis karataviensis Lipsch. et N. Pavl.
Оилаи Polygonaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Осиёи Марказӣ аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Растании нодир ва камёфт.
Паҳншавӣ
Помиру Олой, Тиёншон. Дар Тоҷикистон фақат дар чанд муҳити Помири Ғарбӣ месабзад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглох, минтақаи нимбиёбони кўҳ (дар баландии 2000-3000 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба A. compacta Bunge (биёбони Осиёи Марказӣ, Тиёншон, Тарбоғтой) қаробат дорад.
Шумора
Хеле кам аст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Буттачаест аз 7 то 25 см. Пояҳояш кўтоҳи ғафс, хело хурд, гирд ё тухмшакл мебошад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Аз худ кардани заминҳо ва чаронидани чорво. Дар натиҷаи таъсири омилҳои хоҷагидории инсон аз байн рафтанаш мумкин аст.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Эҳтимол аз тухм зиёд шавад.
Насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Маълум нест.
Тадбирҳои ҳифз
Онро дар Помири Ғарбӣ ва шимоли Тоҷикистон ҷустуҷўй бояд кард, зеро дар ноҳияҳои ҳамшафати Қирғизистон мерўяд.
Дар сурати пайдо кардан, муҳити рушди онро қатъӣ ҳифз бояд кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Павлов, 1936; Чукавина, 1968; Ковалевская, 1971.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
МАРҶУМАКБУТТА
Polygonum ovczinnikovii Czuk.
Оилаи Polygonaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Хоси қисми шарқи Тоҷикистони Ҷанубӣ аст.
Паҳншавӣ
Ҳисору Дарвоз. Онро фақат дар чанд муҳити ҷануби Наздидарвоз (атрофи деҳоти Боғ, Баҳорак, Сариғор, Бодомак) пайдо кардаанд.
Муҳити рушд
Дар ҷойҳои рангон, нишебиҳои санглоху сершағал, тарқиши шах, минтақаи ҷангалзори гармсер (дар баландиҳои 600-1900 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Дар байни намудҳои буттачаи маълуми ҷинси Polygonum мавқеи асосӣ дорад.
Шумора
Кам аст. Миқдори умумиаш маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Гиёҳест, то 7-30 см қад мекашад.
Пояҳои яксолаи он пўстлохи ғафс дорад. Баргҳояш хурд ва тухммонанд мебошанд (5-7 мм) дарозӣ дорад. Миқдори гардбаргҳо 8-9.
Гулҳо дар бағали барг ҷойгир мебошанд.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Аз худ кардани заминҳо, чаронидани чорво ва алафдарав. Аз таъсири тасодуфии омилҳои хоҷагидории инсон мумкин аст аз байн равад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд.
Тадбирҳои ҳифз
Ҳолати онро дар табиат қатъӣ зери назорат гирифта, парваридан лозим аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ