КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Сарчашмаи иттилоот:
Чукавина, 1962, 1968.
ЧУКРИХАСАК
Rheum hissaricum Losinsk.
Оилаи Polygonaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси водии Зарафшон аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Барои гуногунии биологӣ муҳим аст.
Паҳншавӣ
Фақат дар қаторкўҳи Зарафшон (Фороб, Моғиён) пайдо кардаанд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои сершағалу санглохи Фороб ва Моғиён, дар баландиҳои 1500-2000 м аз сатҳи баҳр месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба Rh. macrocarpum Losinsk. (Помиру Олой, Тиёншон) қаробат дорад.
Шумора
Муайян карда нашудааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Гиёҳи бисёрсола, 30-50 см қад мекашад. Пояаш рости сершоху барг буда, хўшагули аҳромшакл дорад. Баргаш сепарра, дарозиаш
20 ва бараш 25-30 см. Гулаш гурўҳ-гурўҳ дар хўшагул ҷойгир аст. Мевааш секунҷаи дилмонанд; донаш тухмшакл, ҷигарранги сафедчатоб.
Моҳи июн гул карда, июл самар меорад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар натиҷаи маҳдудии муҳити зист ва таъсири омилҳои хоҷагидории инсон нест шуданаш мумкин аст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Эҳтимол аз тухм зиёд шавад.
Тадқиқ намудан зарур аст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Маълум нест.
Тадбирҳои ҳифз
Аз ҷиҳати таснифот ва ҳолати нумўи он дар табиат мушоҳидаҳоии амиқ бояд кард. Тухми онро киштан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Зокиров, 1961; Флора Таджикской ССР, т. 3, 1968.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
МУМГИЁҲ
Dionysia involucrata Zapr.
Оилаи Primulaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷи кистони Марказӣ аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир ва камёфт.
Паҳншавӣ
Онро фақат аз ҳавзаи дарёи Варзоб (нишебиҳои ҷануби қаторкўҳи Ҳисор) чиндаанд.
Муҳити рушд
Дар шахсор (дар баландиҳои 1200-1300 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Дар байни хелҳои маълуми ҷинси Dionysia мавқеи хоса дорад.
Шумора
Гурўҳ-гурўҳ (якчандбехӣ) мерўяд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Нимбуттаи болиштакшакл.
Баргҳояш хурд, 4-7 мм дарозӣ дорад. Шакли баргҳо нештаршакл ё тухммонанд мебошад.
Хўшагулаш чатр аз 3-5 гул иборат аст.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар натиҷаи мумгиёҳро чиндани сайёҳон ва дар маҳалҳои рушди он чарондани чорво камшумор гаштааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Муҳити рушди онро қатъӣ ҳифз карда, ҳамчун гиёҳи хеле базеб ва дорои равғани эфир парваридан лозим аст. Дар маҳалле, ки ин гиёҳ бисёр аст, парваришгоҳ барпо кардан зарур мебошад.
Сарчашмаи иттилоот:
Запрягаева, 1936; Смольянинова, 1952; Тахтаджян, 1975; Белоусова и др., 1978.
ШАХГУЛАК
Androsace bryomorpha Lipsky Оилаи Primulaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Помири Ғарбӣ.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир.
Паҳншавӣ
Фақат дар Мотрундараи қаторкўҳи Язғулом мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Дар байни хелҳои шахгиёҳ мавқеи мустақим дорад ва аз рўи рушд ҳамшабеҳи хелҳои Dionysia (аз ҷумла D. bryoides Boiss. ‒ Эрон) мебошад.
Муҳити рушд
Дар шахсор (дар баландии 2000- 2400 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Шумора
Хеле кам аст.
Афзоиш
Эҳтимол аз тухм зиёд шавад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар натиҷаи таъсири тасодуфии омилҳои хоҷагидории инсон нест шуданаш мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ