Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Хусусиятҳои биоморфологӣ Гиёҳи бисёрсола, қадаш 20-
30 см мешавад. Як ё чанд пояи сермўякча дорад. Решааш аз пояаш ғафстар аст. Баргаш паррапарра. Гулаш калон, сурх. Мевааш бо мўякчаҳо зич пўшонида шудааст. Моҳҳои март-апрел гул карда, май-июн мева мебандад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Чарондани чорво дар аввали баҳор, киштукори зироат дар муҳити рушди бодгулак боиси камшумориву маҳдудии муҳити рушди он гардидааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм ва бо роҳи нашвӣ зиёд мешавад. Як бехи он то 500 дона тухм мебандад. Дар шароити парвариш хуб нумўъ меёбад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании зебои баҳорӣ буда, барои ороиши кўчаву хиёбонҳо муфид аст.
Тадбирҳои ҳифз
Чиндану фурўхтани бодгулаки худрўйро қатъиян бояд манъ кард. Дар мавзеъҳои муҳити рушди он таъсиси парваришгоҳ зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Флора Таджикской ССР. Т. IV, 1975.
УҚОБГУЛ
Aquilegia darwazi Korsh.
Оилаи Ranunculaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Гиёҳи нодир, хоси Помиру Олой.
Паҳншавӣ
Дар се муҳити водии дарёи Панҷ (атрофи деҳоти Даштак, Пошхарв ва Тошқўрғон) мерўяд.
Муҳити рушд
Дар сояи шахҳо ва қитъаҳои сернами минтақаи ҷангалзори гармсер (дар баландиҳои 1600-1700 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба A. vicaria Nevski (Помиру Олой, Тиёншон) қаробат дорад.
Шумора
Баъзан тоқа-тоқа вомехўрад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, 30-50 см қад мекашад. Пояаш рост, бепат.
Баргҳои назди решагиаш думчаи дароз дошта, то 32 см мебошад.
Баргаш мураккаби паршакл. Гулаш сафед. Қутри гулаш аз 3-3,5 то 5 см аст. Моҳи июн гул карда, август ва сентябр мевааш мепазад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Гиёҳи ороишист ва дар вақти роҳсозӣ нест шуданаш мумкин.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Биологияи онро тадқиқ накардаанд.
Насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Аҳамияти ороишӣ ва давоӣ дорад.
Дар таркиби гиёҳ алкалоид мавҷуд аст.
Тадбирҳои ҳифз
Уқобгулро дар табиат ҳаматарафа омўхтан, парваридан ва тадбирҳои ҳифзи онро муқаррар кардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Овчинников, Кочкарёва, 1975.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ПАНҶАГУЛ
Atragene sibirica L.
Оилаи Ranunculaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Гиёҳ хоси Аврупою Сибир аст.
Дар Тоҷикистон камёфт буда, дар ҳадди ҷануби муҳити рушд вомехўрад.
Паҳншавӣ
Фақат дар нишебиҳои шимоли қаторкўҳи Туркистон (дараи дарёи Расравт) мерўяд. Берун аз хоки ҷумҳурӣ дар Сибири Ғарбӣ ва Шарқӣ, Тиёншон ва Муғулистон месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба A. macropetala Lebed. (шарқи Даурия, Шарқи Дур, Хитой, шарқи Муғулистон) монандӣ дорад.
Муҳити рушд
Дар арчазор (Juniperus semiglobosa), баъзан дар тўсзор месабзад.
Шумора
Дар муҳити рушд ягон-ягон боқӣ мондааст (ҳамагӣ бештар аз 100 бех). Тоқа-тоқа мерўяд ва ба шоху танаи буттаву дарахтони ҳамшафат мепечад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Лианаи бисёрсола мебошад. Ба танаи дигар дарахтҳо печинда қад мекашад. Лаъличаи баргаш ба дусе қисм тақсим шуда, канорҳояш аррамонанд мебошанд. Гулаш яктогӣ дар пояи дароз ҷойгир мешавад.

пешина
аз 256
навбатӣ