Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Дарозии гулбаргаш 3-5 (5,5) см. Моҳи июн-июл гул карда, июл-август самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Аз таъсири тасодуфии омилҳои хоҷагидории инсон нест шуданаш мумкин аст. Растании шифобахши хуб аст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Фақат аз тухм зиёд мешавад. Кам мева мебандад. Дар шароити сунъӣ насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании заҳрнок буда, алкалоид дорад. Дар тиби мардумӣ барои муолиҷаи касалиҳои шуш, зардпоша ва гастроэнтеритҳо кор мефармоянд.
Маҳлули аз гул тайёр кардаи он кори дилро муътадил мекунад.
Тадбирҳои ҳифз
Онро дар қаторкўҳи Туркистон ҳартарафа ҳифз ва парваридан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Крашениников, 1937; Лазарева, 1975.
ЗАРИР
Delphinium decoloratum Ovcz. et Koczk.
Оилаи Ranunculaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷи­ кистон аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт, аз нигоҳи илмӣ омўхта нашудааст.
Паҳншавӣ
Онро фақат аз ду муҳити ҷануби ғарби қаторкўҳи Дарвоз (атрофи деҳоти Ёл ва Саримарғзор) чиндаанд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба D. semiclavatum Nevski (Ҳи сор, Зарафшон) ва D. saniculaefolium Boiss. (Эрон) монандӣ дорад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглох ва шағалзор (дар баландиҳои 1400- 1800 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Шумора
Кам аст, тоқа-тоқа вомехўрад.
Миқдораш маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, решааш ба чанд қисми ҷудогона тақсим шудааст.
Пояааш 60-85 см қад мекашад.
Баргаш дар қисми поёни поя ҷойгир аст. Гулаш зарди сафедчатоб, дарозиаш 18-21 мм. Моҳҳои июн-июл гул карда, июл-август самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Чарондани чорво сабаби нест шудани он гаштааст.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити табиӣ аз тухм зиёд мешавад. Дар шароити сунъӣ омўхта нашудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Дар табиат ҳаматарафа омўхтан ва тадбирҳои ҳифзи онро дарёфтан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Соков, Овчинников, 1975.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ИСПАРАКИ МОҒӢ
Delphinium nevskii Zak.
Оилаи ranunculaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Гиёҳи хеле камёфт, номаълум ва хоси ғарби Помиру Олой аст.
Паҳншавӣ
Фақат дар як муҳити нишебии шимоли қаторкўҳи Зарафшон (дарёи Моғиён, нишебиҳои шимоли кўҳсори Ҳазрати Султон) пайдо кардаанд.
Намуди ҳамшабеҳ Бештар ба D. оreophilum Huth, (Помиру Олой, Тиёншони Ғарбӣ) монандӣ дорад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои оҳакдор (дар баландии 3300 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Шумора
Вазъи испарак дар шароити табиӣ омўхта нашудааст, миқдор ва биологияи он маълум нест.
Онро фақат солҳои 40-ум як маротиба чинда буданд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, пояааш 40-
50 см қад мекашад. Баргҳои назди реша ва поёни поя 12-25 см дарозӣ доранд. Гулаш гулобӣ, бо мўякҳои сафед фаро гирифта шудаанд.
Моҳи август гул карда, сентябр мева мебандад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Чарондани чорво сабаби нест шудани он мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш карда нашудааст. Афзоиш маълум нест, мумкин аз тухм зиёд мешавад.

пешина
аз 256
навбатӣ