КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Хусусиятҳои биоморфологӣ Бутта ё дарахтест, ки аз 2-3 то 4-5 м қад мекашад. Решааш мустаҳкам буда, ба хок хело чуқур (3-4 м) меравад.
Баргаш майда, дарозрўя, нештаршакл ё найзамонанд. Гули анор дуҷинса аст. Дар навдаҳо тоқа-тоқа ё тўда-тўда 3-5-тогӣ ҷой мегирад. Гул кўзачамонанд ё зангўлашакл буда, ранги сурхи лолагун дорад. Охири моҳи апрел гул мекунад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Мевааш хеле пурқимат аст.
Онро истеъмол мекунанд. Азбаски навъҳои зиёди анорро рўёнидаанд, буттаи худрўи онро бисёр вақт мебуранд.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм (дона), қаламча ва бо роҳи нашвӣ зиёд мешавад. Ҳар сол гул мекунад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Анорро барои мева, ҳамчунин барои ороиш ва табобати бемориҳо парвариш мекунанд.
Тадбирҳои ҳифз
Барои нигоҳ доштани анорзори табиӣ парваришгоҳ таъсис додан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Запрягаева, 1964; Шарипов, Бобоев, 2010.
АҶАЛГИЁҲ (БИШ)
Aconitum talassicum М. Pop.
Оилаи Ranunculaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тиёншони Ғарбӣ ва шимоли ғарби Помиру Олой аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Растании камшумори ороишӣ мебошад.
Паҳншавӣ
Дар Тоҷикистон аз ду муҳити қаторкўҳи Туркистон (дараи Қумбел ва Қўсавлисой) ва Ҳисор (аз чанд мавзеъ) пайдо кардаанд.
Муҳити рушд
Дар ҷойҳои серрутубати водии дарёҳо, минтақаи арчазор ва дашт (дар баландиҳои 2300-2900 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намудҳои хамшабеҳ Ба A. nemorum М. Pop. (кўҳсори Помиру Олой,Тиёншон ва Тарбоғтой) ва А. каrakolicum Rapaics (кўҳистони Тиёншон, Алатови Ҷунғор ва Хитойи Ғарбӣ) қаробат дорад.
Шумора
Кам аст. Дар қитъаҳои маҳдуд тўп-тўп (20-30 бехӣ) ё тоқа-тоқа мерўяд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола буда, аз 60 то 150 см қад мекашад. Кундареша дорад (диаметраш то 20 мм). Пояаш рост. Баргаш думчадор, гирди серкунҷа, баъзан панҷашакл.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Тўдагулаш шакли хўшаро дорад.
Гулаш кабуд.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Таъсири антропогенӣ (кушодани заминҳои нав, чаронидани чорво).
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Бо воситаи тухм зиёд мешавад.
Парвариш карда нашудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Гиёҳи заҳрнок. Дар баргу поя ва бехаш алкалоидҳои бисьёр дорад ва дар тибби халқӣ истифода мешавад.
Тадбирҳои ҳифз
Аҷалгиёҳро ҳифз кардан ва барои ҷамъоварии он ҷорӣ намудани рухсатномаи махсус лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Сосков, 1975.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ШАҚОИҚ (БОДГУЛАК)
Anemone bucharica Regel Оилаи Ranunculaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Хоси ҷануби ғарби Помиру Олой аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Барои гуногунии биологӣ ва генофонди ҷамоаи набототи ҷангалзори гармсер ва саваннамонанд муҳим аст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ – Рангон, Сарсарак, Ғозималик, Санглох, Табақчӣ, Имомаскар, Хоҷамастон вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар минтақаи ҷангалзори гармсер, саваннамонанди алафаш паст, хўшадори баланд ва арчазор, дар нишебиҳои хокӣ ва санглох месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Бештар ба A. baissunensis Juz., ки дар ғарби Помиру Олой мерўяд, қаробат дорад.
Шумора
Тоқа-тоқа вомехўрад. Миқдори умумиаш маълум нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ