КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Мавзеъҳои нави рушди онро дар табиат ҷустуҷўй намуда, дар сурати дарёфтан ҳартарафа омўхта, усулҳои ҳифзро муқаррар бояд кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Соков, Овчинников, 1975.
КАБУДИСПАРАК
Delphinium ovczinnikovii R. Kam. et Pissjauk.
Оилаи Ranunculaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Гиёҳи хоси ғарби Помиру Олой аст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Зарафшон (ҳавзаи дараи Моғиён) ва Ҳисор (Кондара ва дараи дарёи Сиомаи ҳавзаи дарёи Варзоб) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба D. biternatum Huth, ки дар Осиёи Марказӣ маълум аст ва D.
ternatum Huth, ки гиёҳи хоси Помиру Олой мебошад, монандӣ дорад.
Муҳити рушд
Дар регхоки алафзори анбўҳ ва фаркзори сирак, одатан, дар нишебиҳои шимол ё водии дарёҳо месабзад. Ба шароити ҷангалзори паҳнбарг (чормағззор, фаркзори сералаф, буттазори намипарвард мутобиқ) шудааст.
Шумора
Дар рушдгоҳ 5-20 бехӣ мерўяд.
Ҳамагӣ бештар аз 1000 бех мондааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, пояаш (то 75 см қад мекашад) дар қисми поён мўякчаҳо дорад. Гулбаргаш кабуд.
Моҳҳои май гул карда, июн самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Гиёҳи зебост, гулдаста мекунанд.
Онро барои рўёнидани навъҳои нави испарак истифода бурдан мумкин аст. Сазовори парвариш мебошад. Аз сабаби камшумор будан нест шуданаш аз эҳтимол дур нест.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Фақат аз тухм зиёд мешавад. Гули фаровон мекунад ва тухми бисёр мебандад. Дар шароити мусоид хуб мерўяд. Дар шароити Боғи набототи ш. Душанбе хуб нашъунамо карда буд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Гулҳои хушрўй дорад. Ҳамчун растании ороишӣ бояд омўхта ва парвариш карда шавад.
Тадбирҳои ҳифз
Онро дар пойгоҳи набототи кўҳии Варзоб (Кондара) ҳаматарафа ҳифз кардану парваридан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Камелин, 1968; Соков, Овчинников, 1975.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ГУЛПАРАК
Pulsatilla kostyczewii (Korsh.) Juz.
Оилаи Ranunculaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси шарқи Помиру Олой аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Кам шуда истодааст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Пётри I, Дарвоз, қисми шимоли ғарби Помир ва доманакўҳҳои қаторкўҳи Паси Олой вомехўрад.
Намуди ҳамшабеҳ Гулпарак дар доираи ҷинси худ хели мустақил ва ягона мебошад.
Муҳити рушд
Дар шағалҷой, нишебиҳои оҳаксангу гилдор, аксар дар уғанзор (дар баландии 2600-3300 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Шумора
Кам аст. Гурўҳ-гурўҳ мерўяд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, то 8-28 см қад мекашад. Баргаш то 4 см дарозӣ дошта, дар поён ва мобайни поя ҷойгир мешавад. Поя бо мўякчаҳо пўшида шудааст.
Гулаш сурхчатоб. Моҳи июн гул карда, июл-август самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Гиёҳи зебост, дар гулпарварӣ аҳамияти калон дорад. Дар натиҷаи мунтазам чаронидани чорво аз байн рафтанаш мумкин аст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити сунъӣ омўхта нашудааст.
Фақат аз тухм зиёд мешавад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Ҳамчун растании ороишӣ бояд омўхта шавад. Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо