Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Тадбирҳои ҳифз
Гулпаракро дар табиат ҳифз кардан, дар деҳаи Канишбеки қаторкўҳи Пётри I барпо намудани парваришгоҳ ва парваридан лозим.
Сарчашмаи иттилоот:
Лазарева, 1975.
ЧИНОРАКИ
ХОҶАМАСТОНӢ
Ranunculus chodzhamastonicus Ovcz. et Junuss.
Оилаи Ranunculaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷи­ кистони Ҷанубӣ аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Торафт нест шуда истодааст, аз нигоҳи илмӣ омўхтан лозим.
Паҳншавӣ
Онро фақат дар наздикии деҳаи Кўрабдукарим (кўҳсори Хоҷамастон) пайдо кардаанд.
Намуди ҳамшабеҳ Бо ягон растании Осиёи Марказӣ ҳамшабеҳ нест. Ба R. myosuroides Boiss. et Kotschy (Осиёи Хурд) қаробат дорад.
Муҳити рушд
Маъмулан дар нишебиҳои сергачи самти шимоли арчазори фаркдори сирак (дар баландиҳои 1600- 1700 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Шумора
Дар қитъаи тақрибан 100 м2 тоқатоқа мерўяд. Ҳамагӣ тахминан 600-800 бех мондааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, 40-60 см қад мекашад. Дарозии баргҳои назди решааш 7-9 см. Пояаш бо мўякчаҳо пўшида шудааст. Гулаш (12-14 мм) зард. Моҳҳои апрел-июн гул карда, июн-июл мева мебандад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Азбаски хеле камшумор аст, аз таъсири тасодуфии омилҳои хоҷагидории инсон нест шуданаш мумкин аст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм зиёд мешавад. Як бехаш то 100-200 дона тухм мебандад.
Дар шароити сунъӣ парвариш нашудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Муҳити рушди маълуми чиноракро қатъиян ҳифз кардан, нашъунамои онро ба зери назорат гирифтан ва парвариш намудан зарур аст.
Тадбирҳои ҳифз
Ҷамъоварии тухм ва парваридани растанӣ барои ҳифз ва таҳқиқи аҳамияти ороишии он зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Овчинников, Юнусов, 1977.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ШИРИНБОДОМ
Amygdalus vavilovii M.Pop Оилаи Rosaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт, аҳамияти илмӣ дорад.
Паҳншавӣ
Дар водии Зарафшон, ҳавзаи дарёҳои Ёхсую Обисурх ва қаторкўҳи Ҳазротишоҳ вомехўрад.
Муҳити рушд
Нишебиҳои хокӣ ва сангрезадори талхакбодомзор ё заминҳои куҳнаи партов (дар баландиҳои 1600-1900 м аз сатҳи баҳр) маҳалҳои рушди хоси ширинбодом мебошанд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба A. bucharica Korsh. (Помиру Олой ва Тиёншони Ғарбӣ) ва A. communis L. (аз ғарби Баҳри Миёназамин то ғарби Ҳимолой) қаробат дорад.
Шумора
Дарахтони ширинбодом дар ҳудуди маҳдуд тўп-тўп, тоқа-тоқа месабзанд. Ҳамагӣ бештар аз 100- 150 бех мондааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Дарахти бодом сершоха буда, 6-10 м қад мекашад. Баргаш дарозрўяи наштармонанд ё найзашакл, гулаш сафед, гулобӣ ё арғувонӣ. Моҳҳои феврал-март гул карда, мевааш моҳҳои июл – август мепазад. Решаи бодом ба хок то 6-7 м чуқур меравад, ба хушкӣ тобовар аст.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Меваи мағздори аҳамияти ғизоист.
Барои рўёндани навъҳои нави бодом аҳамияти калон дорад.
Дар натиҷаи таъсири тасодуфии омилҳои рўзгори инсон нест шуданаш мумкин аст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Фақат аз донак зиёд мешавад.
Дар боғ ба ниҳоли бодоми талх (A. bucharica Korsh.) пайванд мекунанд.

пешина
аз 256
навбатӣ