КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Дарахти камёфт аст. Торафт нест шуда истодааст. Дар боғи ботаникии ш. Кўлоб парварида шуда истодааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Бодомро барои табобати бемориҳои гуногун тавсия медиҳанд.
Тадбирҳои ҳифз
Дарахти ширинбодомро ҳаматарафа ҳифз намудан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Запрягаева, 1964; 1975.
ДЎЛОНАИ ХИРСАК
Crataegus darvasica Pojark.
Оилаи Rosaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Ҷануби Ғарбии Дарвоз аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди ниҳоят камёфт, барои рўёндани навъҳои нав аҳамияти илмӣ дорад.
Паҳншавӣ
Онро фақат дар резишгоҳи дарёи Зарбуз (води дарёи Панҷ) пайдо кардаанд.
Муҳити рушд
Дар сафедорзорҳо ва бедзорҳои соҳили дарёҳо (дар баландии тақрибан 1000 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба С. songarica C. Koch, ки дар кўҳсори Осиёи Марказӣ фаровон аст, қаробат дорад.
Шумора
Маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Дарахти хокистарранг. Навдаҳои ҷавонаш мўякдор, рангаш сурхчатоби қаҳвагун. Баргаш сахт, мўякчадор. Хўшагулаш аз барг кўтоҳ буда, дарозиаш аз 1,5 то 3,7 см аст. Дарозии мевааш 1-1,2 см, бараш 0,8-1,0 см; мевааш сурхи баланд, пас аз пухта расидан сурхи сиёҳтоб мешавад. Мевааш ду донак дорад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дўлонаи хирсакро фақат як маротиба чиндаанд. Дар тўли чил соли охир онро чиндан муясар нагаштааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм зиёд мешавад. Насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Барои мустаҳкам намудани соҳили дарё ва селроҳа истифода бурда мешавад.
Тадбирҳои ҳифз
Дўлонаи хирсакро барои чора биниҳои зиди эрозияи замин ва рўёндани навъҳои нав истифода бурдан мумкин аст.
Онро дар табиат ҷустуҷў карда, барқароркунии онро ба роҳ мондан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Пояркова 1970; Запрягаева. 1975.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ДЎЛОНАХОРАК
Crataegus pamiroalaica V. Zapr.
Оилаи Rosaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷи кистони Марказӣ аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди ниҳоят камёфт ва нодир буда, аҳамияти илмӣ дорад.
Паҳншавӣ
Онро дар қаторкўҳҳои Ҳисор (Обизаранг) ва Қаротегин (байни деҳоти Депир ва Сорбо) пайдо кардаанд.
Муҳити рушд
Дар буттаву дарахтзори соҳили дарёҳо (дар баландиҳои 1400- 1800 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба С. songarica C. Koch (Помиру Олой, Тиёншон, Кабуддоғ) қаробат дорад.
Шумора
Нумў, шумора ва биологияи дўлонахорак дар табиат маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, баландиаш 2,5-7 м, дар баъзе ҷойҳо дарахти буттамонанд аст. Рангаш бўртоб, навдаҳои навашро мўякчаҳо зич иҳота кардаанд. Хор дорад (дарозиаш то 2 см). Баргаш дароз (6-7 см; бараш 6-8 см), аррамонанд.
Думчабарг аз барг 2-2,5 баробар кўтоҳ аст. Косабарги сурхчатоб дорад. Мевааш (1-1,5 см) доирашакл, мўякчадор, 2-3 донак дошта, рангаш сиёҳчатоб аст.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Худсарона буридани он ва поймол гаштани навниҳол аз чорво.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Бо роҳи ҷинсӣ ва ғайри ҷинсӣ афзоиш меёбад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Барои кабудизоркунии шафати шоҳроҳҳо истифода бурда мешавад.
Тадбирҳои ҳифз
Дўлонахоракро дар табиат ҷустан лозим аст. Дар мавриди онро пайдо намудан, роҳҳои ҳифзашро бояд ҷустуҷў кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо