КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Сарчашмаи иттилоот:
Запрягаева, 1975, 1976
ГУЛБУТТА
Rosa longisepala Koczk.
Оилаи Rosaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси қисмҳои марказии Помиру Олой аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Растании нодир ва камшумор.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Қаротегин, Пётри I ва Ҳазратишоҳ мерўяд.
Муҳити рушд
Дар тўсзори соҳили дарёҳо (дар баландиҳои 2200-2500 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба R. fedtschenkoana Regel (Помиру Олой ва Тиёншони Марказӣ) қаробат дорад.
Шумора
Тўп-тўп ё тоқа-тоқа вомехўрад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Бутта, то 2 м қад мекашад. Пояаш рост, серхор. Баргаш мураккаб, аз 5-7 баргча иборат аст. Гулаш тоқа, рангаш сафед ва гулобӣ. Аз тухм зиёд мешавад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Таъсири антропогенӣ.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Омўхта нашудааст. Насанҷидаанд.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании ороишӣ. Барои рўёндани навъҳои нави садбарг аҳамият дорад.
Тадбирҳои ҳифз
Ҳолати табиии онро аниқ бояд кард. Парваришгоҳ таъсис намуда, онро парваридан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Кочкарёва, 1974, 1975.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ОЛУЧАИ ДАРВОЗӢ
Prunus darvasica Temb.
Оилаи Rosaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси марказии Помиру Олой аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт, барои рўёндани навъҳои нав аҳамияти илмӣ дорад.
Паҳншавӣ
Онро дар ду муҳити қаторкўҳҳои Ҳисор (ҳавзаи дарёи Варзоб) ва Ҳазратишоҳ (водии дарёи Обиниоб) пайдо кардаанд.
Муҳити рушд
Дар доманаи шахсор, зинаҷойҳои дарё, фаркзор, чормағззор, ҷангали гармсер, пистазор, бодомзор, шулашзор месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба P. spinosa L., ки дар ҷануби Помиру Олой мерўяд, ҳамшабеҳ аст. Эҳтимол дар натиҷаи дурагашавии олуи таҳҷоӣ бо олуча пайдо шудааст.
Шумора
Олучазорҳои хурд мавҷуданд. Аз ин рў, дар чакалакзорҳо шумораи олучаи дарвозӣ то 50 адад мебошад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Дар табиат ба шакли бутта рўида, аз 1,5 то 2 м қад мекашад, 10-15 поя дорад; рангаш сафедчатоби қаҳвамонанд, навдаи яксолааш сурхчатоб. Баргаш аррамонанд, поёнаш мўякчаҳои борики сафед дорад. Мевааш доирашакл, пўсташ ғафси сиёҳ.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Олучазори табиӣ аз таъсири тасодуфии омилҳои рўзгори инсон (дарахтбурӣ, роҳкушоӣ) зарар мебинад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз донак ва бо роҳи нашвӣ зиёд мешавад. Олучаи Дарвозиро низ ба монанди навъҳои дигари олуча парваридан лозим аст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Ба шакли тар ва хушк аҳолии маҳал истифода мебаранд. Дар боғдорӣ барои рўёндани навъ ҳои нав истифода бурдан мумкин аст.
Тадбирҳои ҳифз
Дар ҳудуди деҳаи Варзоб-қалъа (ҳавзаи дарёи Варзоб) парваришгоҳ таъсис намудан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Запрягаева, 1964, 1975
АРҒАНҶОЛ
Prunus tadshikistanica V. Zapr.
Оилаи Rosaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси ҷануби Помиру Олой аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди ниҳоят камёфт буда, аҳамияти илмӣ дорад.
Паҳншавӣ
Онро аз рўи арғанҷоле, ки дар нишебии ҷануби қаторкўҳи Ҳисор (Кондара) мерўяд, тасниф кардаанд.
Чанд бехи ҳамшабеҳи онро дар води дарёи Ғунд (атрофи деҳаи Питфонҷ) низ пайдо кардаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо