Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Муҳити рушд
Дар соҳили дарёҳо ва нишебиҳои зарангзор – Acer regelii (дар баландиҳои 1200-2600 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба P. insititia L., P. domestica L., P. spinosa L., ки дар боғҳои Тоҷикистон мепарваранд, қаробат дорад.
Шумора
Дар Кондара ҳамагӣ 5-7 бех мондааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола. Пояаш 1-2 м қад мекашад, навдаҳои бисёрсолааш хокистарранги равшан.
Дарозии баргаш 3-3,5 см, бараш
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae 2,0-2,5 см. Мевааш сиёҳ (дарозиаш
3 см, бараш 2 см).
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Ҳамчун дарахти мева аҳамият дорад.
Дар Помири Ғарбӣ мепарваранд.
Дар табиат аз таъсири тасодуфии омилҳои хоҷагидории инсон нест шуданаш мумкин аст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Фақат аз донак зиёд мешавад. Дар Кондара суст мерўяд. Арғанҷолро дар Помири Ғарбӣ ҳамчун дарахти мева мепарваранд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Барои мустаҳкам кардани соҳилҳои дарё, талу теппаҳо истифода мешавад, меваашро низ истифода мебаранд.
Тадбирҳои ҳифз
Дарахтони онро, ки дар Кондара мерўянд, бояд чун намуна нигоҳ дошт.
Сарчашмаи иттилоот:
Запрягаева, 1975.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
КАЁН
Pyrus cajon Zapr.
Оилаи Rosaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Бадахшони Тоҷикистон аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Барои рўёндани навъҳои зимистонаи нок аҳамияти илмӣ дорад.
Паҳншавӣ
Ягона каёнзори худрў дар води дарёи Ғунд (атрофи деҳаи Питвонҷ) ҷойгир шудааст.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои ҷанубӣ, ки чашмасор доранд, дар вағничу настаранзори мавзеъҳои даштӣ (дар баландии қариб 2500 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба P. communis L. қаробат дорад.
Шумора
Ягона каёнзори мавҷуда қариб 2 га аст. Дар он ҷо тақрибан 500 бех каён ҳаст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Дарахти бисёрсола, то 10-12 м баландӣ дорад. Танааш сиёҳтоб.
Навдаҳои яксолааш қаҳвамонанд.
Баргаш доирашакл ё тухммонанд.
Мевааш секунҷаи доирашакл (вазнаш андаряк 35-40 г, дар боғҳо то 650 г) аст.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Каёнзори табиӣ аз таъсири омилҳои хоҷагидории инсон торафт кам шуда истодааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз дона хеле суст, аз бехҷаст хубтар мерўяд. Дар боғоти водиҳои Ванҷ, Язғулом, Ғунд, Бартанг ва Шоҳдара фаровон аст. Дар тўли солҳои зиёди парвариш меваи каён ҳаҷман калон шудааст, вале таъмаш кам тағйир ёфтааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Дар боғҳои баландкўҳи Помиру Олой парвариш карда мешавад.
Тадбирҳои ҳифз
Мевааш пурқимат аст, барои рўёндани навъҳои нав аҳамияти калон дорад. Буридани дарахти онро тамоман манъ кардан лозим аст. Каёнзори деҳаи Питфонҷ бояд зери назорати давлатӣ қарор дода шавад.
Сарчашмаи иттилоот:
Запрягаева, 1964, 1975; Шарипов 1980.
ОБИЛАГИЁҲ
Tylosperma lignosa (Willd.) Botsch.
Оилаи Rosaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Растании нодир.
Паҳншавӣ
Онро фақат аз нишебиҳои ҷануби қаторкўҳи Ҳисор ёфтаанд. Берун аз хоки ҷумҳурӣ дар Эрони Шимолӣ мерўяд.
Муҳити рушд
Дар минтақаи ҷангалзори паҳнбарг (дараҳои Қаратоғ, Варзоб ва Сорбо) дар хорошахҳо (дар баландиҳои 1800-2200 м аз сатҳи баҳр) месабзад.

пешина
аз 256
навбатӣ