Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Намуди ҳамшабеҳ Гиёҳест, ки мавқеи хоса дорад.
Ҳоло омўхта нашудааст.
Шумора
Кам аст. Тоқа-тоқа ё чандбехӣ месабзад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Нимбуттаи болиштакмонанд.
Баргаш майда, думчааш кўтоҳ, аз панҷ паҳнаки гирди тухммонанд иборат аст. Моҳи май гул карда, июн ва июл мевааш мепазад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар натиҷаи таъсири номатлуби одамон ва чарондани чорво зарар диданаш мумкин аст.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании ороишӣ ва асаловар мебошад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм зиёд мешавад.
Тадбирҳои ҳифз
Муҳити рушди онро ҷиддӣтар муҳофизат карда, парваридан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Кочкарёва, 1975.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ШОҲТУТИ ЗАМИНӢ
(ҚУЛФИНАЙ)
Fragaria bucharica Losinsk.
Оилаи Rosaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Ҳисору Дарвоз.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Барои гуногунии биологӣ ва генофонди набототи Тоҷикистон, рўёндани навъҳои нави қулфинай дар ноҳияҳои баландкўҳ муҳим аст.
Паҳншавӣ
Дар ВМКБ дар водии Ванҷ (дар наздикии деҳаи Чихок) ва шимоли ағбаи Сағирдашту водии Рашт дучор мешавад.
Намуди ҳамшабеҳ Бо қулфинайи Ҳимолоӣ Fragaria nubicola (Lindi. ex Hook.f.) Lacaita қаробат дорад.
Муҳити рушд
Дар камари бешазор ва соҳили ҷўйҳо месабзад.
Шумора
Кам аст. Қисми зиёди популятсияи қулфинай дар дараи назди дарёи Обихингов дучор меояд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола, аз 5 то 25 см қад мекашад. Баргаш сешоха. Гулаш сафед. Мевааш ғуҷуммева, хурд (дарозиаш 1 см), маъмулан, сурхи бенур ва обдори ширин аст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм ва бо роҳи нашвӣ (аз реша, навда, печакҳои поёнӣ) зиёд мешавад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Пайваста чаронидани чорво, шусташавии хок, махсусан ҳангоми обдиҳӣ боиси кам шудани он мегардад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Хусусияти табобатӣ дорад.
Тадбирҳои ҳифз
Ҳифзи ҳамаи намуди популятсия дар ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон ва хоҷагиҳои ҷангал зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Запрягаева, 1975, 1976.
РИМ (РЕМ)
Populus cataracti Kom.
Оилаи Salicaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар табиат маҳв гардидааст.
EW.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Растании нодиртарин, хоси Помиру Олойи Ғарбӣ аст.
Паҳншавӣ
Фақат аз нишебиҳои шимолии қаторкўҳи Зарафшон (ҳавзаи дарёи Киштут ва Вору, дар харобаи Осиёи сабз) маълум аст.
Муҳити рушд
Дар соҳили дарёҳои кўҳӣ ва нишебиҳо (дар баландиҳои 1000- 1200 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба P. tadshikistanica Kom. (Помир Олой, Тиёншон) қаробат дорад.
Шумора
Номаълум аст. Танҳо як маротиба
– соли 1913 аз соҳили дарёи Вору, шохоби Зарафшон ёфт шудааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Дарахти пояаш хокистарранг, 5-8 м қад мекашад. Навдааш зардчатоб.
Баргаш соддаи дилшакл, овезон, думчааш паҳни патдор.
Паҳнаки баргаш (дарозиаш 2-4 см, бараш 2,5-5 см) делтамонанд, сабзи зардча. Гулаш гўшворак.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Номаълум аст. Солҳои охир ба рушдгоҳи он чанд экспедитсияи махсус ташкил шуда бошад ҳам, ёфт нашудааст. Мумкин аз байн рафта бошад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот нест.

пешина
аз 256
навбатӣ