КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Маълумот нест.
Тадбирҳои ҳифз
Ҷустуҷўи намудро идома дода, ҳолати онро дар табиат муайян намудан ва ҳангоми дарёфт мавзеъҳои рушдро зери ҳифз гирифта, роҳҳои парваридани онро ҷустуҷў кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Поляков, Камелин, 1968; Красная книга Таджикской ССР, 1988; Тўрақулов, Ҳомидов, Ғаффоров, 2010.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
БАРГЧОЙ (МУҒУЛЧОЙ)
Bergenia stracheyi (Hook.f.et Thoms.) Engl.
Оилаи Saxifragaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Аз ҷиҳати илмӣ омўхта нашудааст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Пётри I, Ванҷ ва Язғулом месабзад. Берун аз хоки ҷумҳурӣ дар Ҳиндукуши Шарқӣ ва Ҳимолой дучор меояд.
Муҳити рушд
Дар шағалҷойҳо, баъзан дар тарқиши шахҳои сернам, дар баландиҳои 2500-3800 м аз сатҳи баҳр месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба B. hissarica Boriss., ки дар ғарби Помиру Олой мерўяд, монандӣ дорад.
Шумора
Гурўҳ-гурўҳ мерўяд. Умуман, бештар аз 500 бех мондаасту халос.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи кундарешадор.
Пояи гулдори бебарг (то 15-
20 см қад мекашад) дорад, барги думчадори сабз (бо ғилофак дар поя ҷойгир мешавад) дорад. Гулаш сурхчатоб (дарозиаш 12-16 мм, бараш 8-10 мм). Моҳи июн гул карда, июл-август самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Гиёҳи зебо аст. Аз таъсири тасодуфии омилҳои хоҷагидорӣ нест шуданаш мумкин.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар Боғи набототи ш. Душанбе парвариш карда шудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Муғулчойро дар табиат ҳифз ва дар қаторкўҳи Ванҷ дар саргаҳи дарёи Чихок парваришгоҳ таъсис намудан зарур аст. Парвариши он дар Боғи ботаники Помир ба роҳ монда шавад.
Сарчашмаи иттилоот:
Овчинников, 1975; Наврузшоев, 2013.
ҚОТИ ХАСАК
Ribes malvifolium Pojark.
Оилаи Saxifragaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси ғарби Помиру Олой аст.
Паҳншавӣ
Дар водии дарёи Қарокўл (Тоҷикистон) вомехўрад.
Намуди ҳамшабеҳ Қотҳои ҳамшабеҳи он дар кўҳҳои қисми ғарбии Америкои Шимолӣ, Япония, ҷазираҳои Сахалин ва Курил мерўянд.
Муҳити рушд
Дар минтақаи баландкўҳ, дар тоқу тарқиши оҳакшахҳо (дар баландиҳои 2900-3200 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Шумора
Кам аст. Буттаҳои хурди он тоқатоқа вомехўранд. Қотзорҳо умуман коҳиш ёфтаанд.
Хусусиятҳои биологӣ Буттача бо навдаҳои хобраванда ва решадор, 10-15 см баландӣ дорад.
Баргҳои мудавваршакл 3-3,5 см диаметр дошта, дар асосашон чуқурча доранд. Тамоми растанӣ ба ғайр аз баргҳо ғадудчаҳо пўшида шудаанд. Тудагул аз 6-12 гулҳои гулобӣ иборат аст. Мевааш сурхранг. Гулкунӣ – июн, мевабандӣ – август.
Афзоиш
Аз тухм ва бехҷаст зиёд мешавад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Растании қадимаест аз олами набототи давраи сеюмини турғай, ки дар муҳити маҳдуди рушд боқи мондааст. Аз таъсири омилҳои хоҷагии инсон аз байн рафтанаш мумкин аст.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Биологияи он тадқиқ нашудааст.
Дар Боғи набототи Душабе ва Пойгоҳи набототи кўҳии Кондара ду маротиба ба парвариши он кўшиданд, вале натиҷае набахшид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо