КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Моҳҳои февралу март ҳангоми 3-9°С будани ҳарорати об жерехи тос дар ҷойҳои тезҷараёни об то 150 ҳазор тухм мегузорад. Дарозии баданаш то 72 см ва вазнаш то 5 кг мерасад. Моҳии дарранда буда, моҳиёни камарзиш ва ҳайвоноти бесутунмуҳраи қаъри обиро ғизо мегирад.
Омилҳои маҳдудкунанда Бад гардидани муҳити сукунат дар натиҷаи ифлосшавии об ва
МОҲИҲО
Pisces танзими маҷрои дарё боиси камшумор гардидани жерехи тос гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз
Барои барқарор гардидани саршумор сайди ғайриқонунии жерехи тосро пешгирӣ намудан зарур аст. Ба роҳ мондани парвариши сунъии жерехи тос бо мақсади барқарор намудани шумораи он дар муҳити табиии сукунат мувофиқи мақсад аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Никольский, 1938; Максунов, 1961, 1968; Расулов, 2011.
МОҲИҲО
Pisces
МЎЙЛАБМОҲИИ АРАЛӢ
Barbus brachycephalus Kessler, 1872
Қатори
Капуршаклҳо ‒ Cypriniformes Оилаи
Капуриҳо ‒ Cyprinidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар дарёҳои Сир, Аму, Панҷ, Вахш, Қизилсу ва обанбори Қайроққум вомехўрад.
Муҳити сукунат
Дар маҷрои дарё ва резишгоҳи он, кўлу обанборҳои обашон равон зиндагӣ мекунанд. Минтақаҳои қаърашон регдор ва сернабототи дарёро мепарастад.
Саршумор
Хеле кам вомехўрад.
Хусусиятҳои биологӣ Дарозиаш то 120 см, вазнаш то
23 кг. Бори аввал дар 7 ‒ 8 солагӣ афзоиш меёбад. Модинаи он баҳорон то 600 ҳазор тухм мемонад. Тухмро дар қаъри об, ки бо қайроқсангу рег пўшида шудаанд, мегузорад. Растаниҳои обӣ, кирминаи хирономидҳо, сўзанакҳо, моллюскҳо, мизид ва харчангҳоро ғизо мегирад.
Омилҳои маҳдудкунанда Ба таври сунъӣ танзим гардидани маҷрои дарёҳо, тағйир ёфтани низоми гидрологии об, халалдор гардидани роҳҳои кўчиш дар давраи афзоиш ва ғизогирӣ, бад шудани шароити экологии минтақаҳои тухмгузорӣ сабабҳои асосии камшумор гардидани мўйлабмоҳии аралӣ мебошанд.
Тадбирҳои ҳифз
Бар зидди сайди ғайриқонунӣ муборизаро пурзўр намудан зарур аст. Бо мақсади барқарор намудани саршумори мўйлабмоҳии туркистонӣ, парвариш ва афзоиши сунъии онро дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба роҳ мондан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Никольский, 1938; Максунов, 1968; Расулов, 2011.
МЎЙЛАБМОҲИИ
ТУРКИСТОНӢ
Barbus capito conocefalus Kessler, 1872
Қатори
Капуршаклҳо ‒ Cypriniformes Оилаи
Капуриҳо ‒ Cyprinidae Мақоми ҳифз
Зернамуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар дарёҳои Сир, Аму, поёноби Кофарниҳон, Вахш, Сурхоб, обанбори Қайроққум вомехўрад.
Муҳити сукунат
Дар маҷрои дарё ва резишгоҳи он, кўлу обанборҳои обашон равон зиндагӣ мекунанд. Минтақаҳои қаърашон регдор ва сернабототи дарёро мепарастад.
Саршумор
Дар обанбори Қайроққум то солҳои 80-уми асри гузашта моҳии сайдшаванда буд. Дар солҳои охир саршумораш маҳдуд гардидааст ва аҳён-аҳён вомехўрад.
Соли 1998 дар поёноби дарёи Вахш мўйлабмоҳиҳои туркистонӣ дарозии баданашон 57-72 см ва вазнашон 3-6,5 кг дошта шудаанд.
Хусусиятҳои биологӣ Аз рўи тарзи ҳаёт ба мўйлабмоҳии аралӣ шабоҳат дорад.
Дар 3-7 солагӣ болиғ мешавад.
Вазнаш то 15 кг мерасад. Дар минтақаҳои тезҷараёни дарё, ки қаърашон бо регу санг пўшида шудааст аз 110 то 380 ҳазор адад тухм мегузорад. Давраи тухмгузориаш аз охири моҳи март оғоз гардида, то моҳи октябру ноябр идома меёбад. Бори аввал ҳамагӣ ду ва минбаъд се ҳисса тухм МЕМОҲИҲО Pisces гузорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё