КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Растаниҳои обӣ, кирминаи хирономидҳо, сўзанакҳо, моллюскҳо, мизид ва харчангҳоро ғизо мегирад.
Омилҳои маҳдудкунанда Ба таври сунъӣ танзим гардидани маҷрои дарёҳо, тағйир ёфтани низоми гидрологии об, халалдор гардидани роҳҳои кўчиш дар давраи афзоиш ва ғизогирӣ, бад шудани шароити экологии минтақаҳои тухмгузорӣ сабабҳои асосии камшумор гардидани мўйлабмоҳии туркистонӣ мебошанд.
Тадбирҳои ҳифз Муборизаро бар зидди сайди ғайриқонунии ин моҳӣ пурзўр намудан зарур аст. Ба мақсади барқарор намудани саршумори мўйлабмоҳии туркистонӣ, парвариш ва афзоиши сунъии онро дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба роҳ мондан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Никольский, 1938; Максунов, 1961, 1968; Турдаков, 1963; Расулов, 1974, 1976, 2011.
МОҲИҲО
Pisces
СИММОҲИИ ШАРҚӢ
Abramis brama orientalis Berg, 1872
Қатори
Капуршаклҳо ‒ Cypriniformes Оилаи
Капуриҳо ‒ Cyprinidae Мақоми ҳифз
Зернамуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар дарёҳои Сир, Аму, поёноби дарёҳои Вахш, Кофарниҳон ва обанбори Қайроққум вомехўрад.
Муҳити сукунат Фардҳои калони симмоҳӣ дар чуқуробаҳои гилнок зиндагӣ мекунанд.
Дар қабати об ва дар ҷойҳои обашон сустҷараён зимистон мегузаронанд.
Саршумор
Солҳои 80-уми асри ХХ тақрибан 60% сайди умумии солонаи симмоҳӣ ба обанбори Қайроққум рост меомад. Алҳол, дар болооби дарёи Сир аҳён-аҳён дучор меояд.
Саршумори нисбатан зиёди симмоҳӣ дар поёноби дарёи Вахш ва кўлҳои мамнуъгоҳи "Бешаи палангон"
боқӣ мондааст.
Хусусиятҳои биологӣ Дар 2-3 солагӣ ҳангоми дарозии баданаш ба 13,5-20 см ва вазнаш ба 40-130 г расидан афзоиш мекунад. Аз моҳи апрел то июн ҳангоми 18-250С будани ҳарорати об дар растаниҳои қаъриобӣ ҳисса-ҳисса ду маротиба аз 2400 то 470 ҳаз. тухм мегузорад. Аз обсабзҳо, кирминаи ҳашарот, туқумшулуқ ва ғ. ғизо мегирад.
Омилҳои маҳдудкунанда Бад гаштани ҳолати экологии муҳити сукунат, ба лойқа пўшида гардидани ҷойҳои тухмгузорӣ, сохтани иншоотҳои обпарто ва ғ.
боиси маҳдуд гардидани саршумори симмоҳии шарқӣ гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз Ба мақсади барқарор гардидани саршумор, сайди симмоҳиро ба муҳлати дароз манъ намуда, шикори ғайриқонунии онро пешгирӣ намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Никольский, 1938; Максунов, 1961, 1968; Турдаков, 1963; Ахроров, Каримов, Грищенко, 1985; Расулов, 2011.
МОҲИҲО
Pisces
СИХБОЛМОҲӢ
Capoetobrama kuschakewitschi (Kessler, 1872) Қатори
Капуршаклҳо ‒ Cypriniformes Оилаи
Капуриҳо ‒ Cyprinidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
каналҳои камалаф кўчиш мекунад.
Паҳншавӣ
Намуди эндемикии Осиёи Марказӣ буда, дар ҳудуди Тоҷикистон дар дарёҳои Сир, Аму, поёноби дарёҳои Кофарниҳон, Қизилсу, Вахш ва обанбори Қайроққум вомехўрад.
Саршумор
То солҳои 60-уми асри ХХ сершумор буд. Баъди бунёди обанбори Қайроққум ба обанбори Фарҳод оби соф ҷорӣ шуд ва дар натиҷа саршумори он коҳиш ёфт. Алҳол, дар обанборҳо хеле кам дучор меояд.
вад.
Моҳҳои апрел-май ҳангоми 18-250С будани ҳарорати об аз 1700 то 27000 адад тухм мегузорад.
Аз лойқа, боқимондаҳои пўсидаи моддаҳои органикӣ, кирминаи ҳашарот ва обсабзҳо ғизо мегирад.
Муҳити сукунат Фардҳои калони сихболмоҳӣ одатан дар обанборҳои тезҷараёни гилолуд зиндагӣ мекунанд. Дар давраи тухмгузорӣ ба ҷойҳои сустҷараёни обанбор, халиҷҳо ва Омилҳои маҳдудкунанда Тағйир ёфтани маҷрои дарёҳо зимни бунёди иншооти гидротехникӣ, бад шудани шароити Хусусиятҳои биологӣ муҳити сукунат, ифлос гаштани Дар боли тахтапушт сихи сахобанборҳо боиси коҳиши саршуту дароз дорад. Дарозиаш 14-15 мори ин моҳӣ гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё