КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
см ва вазнаш 25-30 г мешавад.
Ранги пушташ хокистарии зардча, паҳлуҳояш нуқрагун, шикамаш сафед, болҳои шиновариаш зард. Дар сесолагӣ болиғ мешаТадбирҳои ҳифз Ба мақсади барқарор намудани саршумори сихболмоҳӣ, парвариш ва афзоиши сунъии онро дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба роҳ мондан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Никольский, 1938; Максунов, 1961, 1968; Турдаков, 1963; Расулов, 2011.
МОҲИҲО
Pisces
ХОЛМОҲИИ АРАЛӢ
Cobitis aurata aralensis Kessler, 1877
Қатори
Капуршаклҳо ‒ Cypriniformes Оилаи
Мормоҳиҳо ‒ Сobitidae Мақоми ҳифз
Зернамуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Ба рўйхати сурхи ИБҲТ дохил карда шудааст.
Паҳншавӣ
Эндемики Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар дарёҳои Сир, Зарафшон, Аму, Вахш, Кофарниҳон, Панҷ вомехўрад.
Муҳити сукунат Дар тунукобаҳои сустҷараён ва истода, ки қаърашон аз гилу рег иборат аст, зиндагӣ мекунад.
Саршумор
Аз ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар обанбори Қайроққум ва дарёи Сир вонамехўрад.
Дар ҷойҳои дигари паҳншавӣ аҳён-аҳён вомехўрад.
Хусусиятҳои биологӣ Баданаш дарози тасмашакл, дарозиаш 7-8 см. Ҳангоми ба 3-4 см расидани дарозиаш болиғ мегардад.
Моҳҳои апрел ‒ июн, ки ҳарорати об ба 20-280С мерасад ба тухмгузорӣ шурўъъ менамояд.
Дар қаъри об, ки бо гилзамини сахт, растаниҳои обӣ пўшида шудааст тухм мегузорад. Аз кирминаҳои хирономидҳо, харчанг шаклҳо, ҳамчунин обсабзу боқимондаҳои пўсидаи моддаҳои органикӣ ғизо мегирад.
Омилҳои маҳдудкунанда Дар натиҷаи ба таври сунъӣ танзим намудани маҷрои дарёҳо, тағйир ёфтани низоми гидрологӣ ва ифлос гаштани обанборҳо саршумори холмоҳии аралӣ маҳдуд гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз Ҷойҳои паҳншавии холмоҳии аралӣ бояд таҳти муҳофизати ҷиддӣ қарор дода шаванд ва сайди он тамоми сол манъ карда шавад.
Сарчашмаи иттилоот:
Никольский, 1938; Берг, 1949; Турдаков, 1963; Максунов, 1968; Расулов, 2011.
ЛАҚҚАЧАИ ТУРКИСТОНӢ
Glyptosternum reticulatum McClelland, 1842 Қатори
Капуршаклҳо ‒Cyprinformes Оилаи
Лаққамоҳичаҳо ‒Sisoridae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар шохобҳои наздикўҳии дарёҳои Сир, Аму, Кофарниҳон, Вахш ва Сурхоб вомехўрад.
Муҳити сукунат Дар ҷойҳои тезоби дарё, ки қаърашон серсанг аст, ба замин ҷафс шуда зиндагӣ мекунад. Дар оби бисёр тира ҳаёт гузаронда наметавонад.
Саршумор
Дар солҳои охир паҳншавӣ ва саршумораш хеле маҳдуд гардидааст.
Хусусиятҳои биологӣ Дарозиаш то 25 см. Сараш паҳн, танаш бепулакча. Дар қисми пеши сар ҳашт адад мўйлабча дорад. Боли шиноварии тахтапушт ба сар наздик ҷой гирифтааст.
Шаб фаъол мешавад. Дар 2-3 солагӣ ҳангоми ба 9-11 см расидани дарозии бадан ва 12–15 г.
будани вазнаш болиғ мегардад.
Аз моҳи май то июл аз 160 то 820 адад тухм мегузорад. Ҷинсҳои нарина тухмро ҳифз менамоянд.
Дар ҷойҳои ҷараёни обашон суст, дар зери сангҳо зимистон мегузаронад. Моҳичаҳо КИРМИМОҲИҲО Pisces наи ҳашарот ва дигар ҳайвоноти бесутунмуҳраи обиро ғизо мегиранд.
Фардҳои болиғ дарранда мебошанд.
Омилҳои маҳдудкунанда Тағйир додани маҷрои дарёҳо, дигаргун шудани низоми гидрологии об, ифлос гаштани обанборҳо ва ғ. боиси кам шудани саршумори ин моҳӣ гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё