Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Муҳити сукунат
Дар биёбонҳои ҷузғун ва саксаулдор, соҳили кўлҳое, ки дар он дарахтони сираки туранга мерўянд, ҷариҳои сафедхок ва оббурдаҳо, ки набототи эфемерӣ доранд дар баландиҳои 300-1200 метр аз сатҳи баҳр вомехўрад.
Саршумор
Солҳои 50-уми асри гузашта дар маҳалҳои гуногуни Тоҷикистони Ҷанубӣ-Ғарбӣ дар масофаи 12-16 км то 3-5 фарди сусмор ба қайд гирифта шудааст. Айни замон дар ин мавзеъҳо саршумори он дар масофаи 10-20 км як фардро ташкил медиҳад.
Хусусиятҳои биологӣ Моҳи март ҷуфт мешаванд. Модинаи сусмор охирҳои моҳи июн ва аввалҳои июл то 28 тухм мегузорад.
Моҳҳои августу сентябр насли он аз тухм мебарояд.
Фардҳои болиғ аз хояндагони хурд ва сусморҳои ҷавон бошанд аз ҳашарот ғизо мегиранд.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ кардани доманакўҳҳо, водиҳо ва биёбонҳо аз ҷониби инсон, таъқиб кардани онҳо, сабабҳои асосии маҳдуд гардидани саршумор ва масоҳати зисти сукунати сусмор гардидааст.
Алҳол, дар водиҳои Бешкент ва Сирдарё қариб, ки ба пуррагӣ нобуд гардидааст.
Парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити сунъӣ нигоҳубини сусмор имконпазир буда, дар хусуси афзоиши он маълумот вуҷуд надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Мавзеъҳои сукунати сусморро дар зери муҳофизати ҷиддӣ қарор додан зарур аст. Дар сурати дар ояндаи аз худ намудани муҳити сукунати сусмор онро ба мамнуъгоҳҳо ва ғўруқгоҳҳо cap додан ба мақсад мувофиқ аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Саид-Алиев, 1979; Сатторов, 1993, 1994.
КАЛТАКАЛОСИ АЛОИ
ФАРҒОНАГӢ (РЕГӢ)
Eremias scripta pherganensis (Szczerbak et Washetko, 1973) Зерқатори
Калтакалосҳо ‒ Sauria Оилаи
Калтакалосҳои ҳақиқӣ ‒ Lacertidae Мақоми ҳифз
Зернамуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар водии дарёи Сир паҳн гардидааст.
Дар водии Фарғона низ дучор меояд.
Муҳити сукунат
Дар теппаҳои регашон равони устувор ва нисбатан нарм паҳн шудааст. Бештар дар регтеппаҳо, ки дар онҳо аҳён-аҳён саксавули сафед месабзад, ҳаёт ба cap мебарад.
Саршумор
Камшумор аст. Дар масофаи 1-3 км регзори атрофи деҳаи Патар ҳамагӣ 3-4 фарди он ба қайд гирифта шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Фаъолнокии калтакалоси алои фарғонагӣ аз моҳи март оғоз гардида, дар моҳи октябр ба хоби зимистона меравад. Дар моҳи апрел-май ҷуфт мешаванд. Модина соле 2-3 маротиба 1 донагӣ тухм мегузорад. Насли нав аз тухм баромадаи калтакалос аз моҳи июн то сентябр мушоҳида мегардад. Аз ҳашароти гуногун
– ширинчаҳо, сикадаҳо, мўрчаҳо, магасҳо, гамбускҳо, малахҳо, шапалакҳо ва ғ. ғизо мегирад.
ХАЗАНДАГОН
Reptilia
Душманони табиии он калтакалоси турнақш, тирмор, мори печони шарқӣ, зоғ ва ғ. мебошанд.
Омилҳои маҳдудкунанда Азхудкунии мавзеъҳои хоси сукунат ва истифодаи қумзорҳои атрофи деҳаи Патар ба сифати масолеҳи сохтмонӣ боиси маҳдуд гардидани саршумори калтакалоси алои фарғонагӣ гардидааст.
Парвариш дар шароити сунъӣ Парвариши калтакалос дар шароити террариум имконпазир аст.
Тадбирҳои ҳифз
Барои муҳофизати ҷамоаи калтакалоси алои фарғонагӣ мавзеъҳои хоси зисти онро дар атрофи Конибодом ва Патар, ки муҳити хоси сукунати он ба шумор мераванд ғўруқ эълон намудан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Щербак, 1974; Сатторов, 1976, 1980, 1993; Саид-Алиев, 1979.

пешина
аз 256
навбатӣ