Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

ХАЗАНДАГОН
Reptilia
КАЛТАКАЛОСИ
АЛОИ ЛАЗДИН
Eremias scripta lasdini (Tzarev., 1918) Зерқатори
Калтакалосҳо ‒ Sauria Оилаи
Калтакалосҳои ҳақиқӣ ‒ Lacertidae Мақоми ҳифз
Зернамуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар ҳудуди Тоҷикистони Ҷанубӣ- Ғарбӣ паҳн гардидааст. Дар поёноби дарёҳои Кофарниҳон, Вахш, регзори Қўрҷалиқум, Қародум, Қашқақум, атрофи Ҷилликўл ва мамнуъгоҳи "Бешаи палангон"
дучор меояд.
Муҳити сукунат
Дар регҳои равони камрастанӣ, нишебии регтеппаҳое, ки шутурхору явшон мерўянд, зиндагӣ мекунад.
Саршумор
Моҳи марти соли 1955 дар регзорҳои Қародум дар масофаи 12-18 км то 14 фард мушоҳида шудааст.
Айни замон дар мавзеъҳои қаблан паҳнгардида саршумори он хеле маҳдуд гардидааст. Дар масоҳати 10 га 2-3 фарди он ба қайд гирифта шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Охирҳои моҳи март ва аввалҳои моҳи апрел фаъол гардида, охирҳои моҳи сентябр ба хоби зимистона меравад. Калтакалоси гармидўст буда, метавонад дар реги тафсон (70ОС) озод зиндагӣ кунад. Моҳи апрел ҷуфт гардида, якчанд маротиба 1-2 тухм мегузорад.
Насли нав аз тухм баромадаи онро моҳҳои июн-август вохўрдан мумкин аст. Ғизои он ҳашароти гуногун – чирчиракҳо, ширинчаҳо, гамбускҳо, мўрча ва ғ. ташкил медиҳад.
Омилҳои маҳдудкунанда Бо мақсадҳои кишоварзӣ аз худ кардани регзаминҳо ва азҳад зиёд чаронидани чорво боиси маҳдуд гардидани саршумори ин намуди калтакалос гардидааст.
Парвариш дар шароити сунъӣ Парвариши калтакалос дар шароити террариум имконпазир аст.
Тадбирҳои ҳифз
Заминҳои бекорхобида атрофи мамнуъгоҳи "Бешаи палангон"-ро дар зери муҳофизати ҷиддӣ қарор додан лозим аст. Мавзеъҳои зисти ин намудро дар атрофи Айвоҷ ва регтеппаҳои соҳили рости Амударё ғўруқ эълон намудан ба мақсад мувофиқ аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Щербак, 1974; Саид-Алиев, 1979; Сатторов, 1994.
КАЛТАКАЛОСИ ТЎРНАҚШ
Eremias grammica (Lichtenstein,1823) Зерқатори
Калтакалосҳо ‒ Sauria Оилаи
Калтакалосҳои ҳақиқӣ ‒ Lacertidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар соҳили рости дарёи Аму
– регзори Қўрҷалиқум, атрофи Панҷ, Қумсангир, Қашқақум (мамнуъгоҳи "Бешаи палангон") ва Қарадум паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Калтакалоси турнақш намуди псаммофилӣ, яъне хоси биёбонҳо ва теппаҳои регӣ буда, мавзеъҳои регии камрастанӣ (саксаул, ақоқиёи биёбонӣ, ҷулгун, ҷузғун, шутурхор ва ғ.)-ро ҳамчун макони сукунат интихоб менамояд.
Хусусиятҳои биологӣ Моҳи март фаъол гардида, моҳҳои октябр-ноябр ба хоби зимистона меравад. Дар рўзҳои гарми зимистон калтакалосҳои фаъолро вохўрдан мумкин аст.
Моҳи март ҷуфт гардида, моҳи апрел 2-3 тухм мегузорад. Моҳи август аз тухм насл баромада, дар 13-14 моҳагӣ ба балоғат мерасад.
Ҳашарот ва кирминаи онҳо ғизои калтакалоси турнақш буда, онҳоро на танҳо аз рўйи замин, балки аз зери рег низ дошта ғизо мегирад. Душманони табиии он мори афъӣ, мори печон, тирмор, калтакалоси даштӣ, парандаҳои
ХАЗАНДАГОН
Reptilia соҳибчангол, хорпушти гўшдароз ва рўбоҳ ба ҳисоб мераванд.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ кардани мавзеъҳои регӣ ва обёрии биёбонҳои соҳили дарёи Вахш боиси камшавии саршумори ин намуд гардидааст.

пешина
аз 256
навбатӣ