Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Парвариш дар шароити сунъӣ Парвариши калтакалос дар шароити террариум имконпазир аст.
Тадбирҳои ҳифз
Мавзеъҳои биёбонии хоси зисти калтакалоси турнақшро дар атрофи мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»
зери муҳофизати ҷиддӣ қарор дода, ғўруқ эълон намудан ба мақсад мувофиқ аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Чернов, 1959; Банников и др., 1977; Саид-Алиев, 1979; Сатторов, 1994, 2000.
ХАЗАНДАГОН
Reptilia
КАЛТАКАЛОСИ РАХДОР
Eremias lineolata (Nikolsky, 1896) Зерқатори
Калтакалосҳо ‒ Sauria Оилаи
Калтакалосҳои ҳақиқӣ ‒ Lacertidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон – дар поёноби дарё­ ҳои Кофарниҳон ва Вахш, регзорҳои Кўрҷалиқум, Қародум, атрофи Айвоҷ, мамнуъгоҳи "Бешаи палангон", Чилучорчашма ва атрофи Шаҳритус паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Муҳити хоси сукунати калтакалоси рахдор регзорҳои собит, гилзамину регзаминҳо, ки набототи сирак (шутурхору явшон) доранд, ба ҳисоб мераванд. Дар теппаҳои гилин низ вомехўранд.
Саршумор
Солҳои 50-уми асри гузашта дар регзори Қародум дар масофаи 8-12 км 12 фарди калатакалоси рахдор мушоҳида шудааст.
Соли 1991 дар регзори Каҷгузари атрофи Айвоҷ дар тўли як соати роҳпаймоӣ 12 фард ба қайд гирифта шудааст. Моҳи апрели соли 2007 дар атрофи Чилучорчашма дар қитъаҳои гилбуму регбум дар муддати як соати роҳпаймоӣ ҳамагӣ 1-2 фард ба ҳисоб гирифта шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Моҳи март фаъол гардида, моҳи ноябр ба хоби зимистона меравад.
Аз моҳи апрел то охири июл афзоиш мекунад. Фардҳо модина
2 дона тухм мегузоранд. Насли навзоди онро дар моҳи август вохўрдан мумкин аст. Ғизои ин калтакалос аз ҳашарот иборат аст.
Омилҳои маҳдудкунанда Ба заминҳои корам табдил додани муҳити сукунат ва бенизом чаронидани чорво боиси маҳдудшавии саршумори калтакалоси рахдор гардидааст.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Ҷамоаи табиии калтакалоси рахдорро дар заминҳои аз худ нагардидаи поёноби дарёҳои Кофарниҳону Вахш зери муҳофизати ҷиддӣ қарор додан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Чернов, 1959; Саид-Алиев, 1979; Сатторов, 1993.
КАЛТАКАЛОСИ
МИЁНАҶУССА
Eremias intermedia (Strauch, 1876) Зерқатори
Калтакалосҳо ‒ Sauria Оилаи
Калтакалосҳои ҳақиқӣ ‒ Lacertidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар гузашта дар поёноби дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон ва атрофи Ҷилликўл паҳн гардидааст.
Айни замон ҷамоаи он дар мавзеъҳои биёбонии мамнуъгоҳи "Бешаи палангон", дар байни Буритов ва регзори Қашқақум боқӣ мондааст.
Муҳити сукунат
Дар мавзеъҳои дорои реги равон маскан мегирад. Дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» дар қитъаҳои сафолакбастаю шўр, ки шутурхор ва дигар рустаниҳо месабзанд, зиндагӣ мекунад. Паноҳгоҳи тобистонаи ин намуд дар чуқурии 4-7 см аз рўи замин ва дарозии 10-60 см, паноҳгоҳи зимистонаи он дар чуқурии 16-35 см ва дарозии
95 см ҷойгир шудааст. Аз лонаи калламуши регӣ, хармушҳо, сангпушт, гамбускҳо, тарқиши пояи саксаул зери буттаҳо истифода намуда, аз гармо ва душманон паноҳ мебарад.
Саршумор
Дар моҳҳои март ва апрели соли 1979 ва октябри соли 1983 асоси ҷамоаи ин калтакалосро фардҳои болиғ ташкил намуда, саршумори он дар 1 га аз 2-3 фард иборат буд.

пешина
аз 256
навбатӣ