КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Муҳити сукунат
Дар нишебии адирҳои сафедхок, ки бо анбўҳи набототи эфемерӣ пўшонида шудаанд, зиндагӣ мекунад.
Дар садду хоктеппаи каналу ҷўйборҳо дар байни ҷамоаи калламуши регзории думсурх ҳаёт ба cap мебарад. Дар нишебиҳои санглохи доманаи кўҳҳо ва дохили дараҳо, ки пистазор ва набототи эфемерӣ мерўянд, маскан мегирад.
Сўрохиву тарқишҳо, зери сангҳо ва лонаи куҳнаи хояндаҳои майдаро ба сифати паноҳгоҳ истифода мебарад.
Саршумор
Солҳои 50-уми асри гузашта дар қитъаҳои гуногуни биёбон дар масофаи 1-14 км аз 5 то 7 фарди ин намудро ба қайд гирифтаанд.
Айни замон дар чунин масофа, баъди аз худ гардидани қитъаҳои биёбон саршумори он ҳамагӣ 1-2 фардро ташкил медиҳад.
Хусусиятҳои биологӣ Моҳҳои апрел ва май ҷуфт мешаванд.
Моҳи июл аз 5 то 9 тухм мегузорад. Моҳҳои августу СЕНХАЗАНДАГОН Reptilia тябр насли он аз тухм мебарояд.
Аз ҳашароти гуногун ғизо мегирад.
Душманони табиии ин калтакалос сусмори хокистарранг, мори кубро, баҳтур, парандаҳои соҳибчангол ва ширхўрон мебошанд.
Омилҳои маҳдудкунанда Сабабҳои асосии маҳдудшавии саршумор ва мавзеъҳои сукунати калтакалос фаъолияти хоҷагии инсон ба шумор меравад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Нигоҳубини ва парвариши ин намуд дар шароити террариум имконпазир аст.
Тадбирҳои ҳифз
Ҷамоаи калтакалоси пойдароз дар мамнуъгоҳҳои «Бешаи палангон», «Ромит» ва «Даштиҷум»
зери муҳофизати ҷиддӣ қарор дорад. Мавзеъҳои хоси зисти ин намудро дар тамоми ҳудуди паҳншавӣ муҳофизат намудан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Калужина, 1951; Саид-Алиев, 1979; Сатторов, 1989, 1993; Саидов, 2013.
ХАЗАНДАГОН
Reptilia
ЛУЧЧАШМАКИ БИЁБОНӢ
Ablepharus deserti (Strauch, 1876) Зерқатори
Калтакалосҳо ‒ Sauria Оилаи
Калтакалосҳои пойдароз ‒ Scincidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар водии дарёи Сир паҳн гардидааст.
Дар гузашта он дар атрофи Хуҷанд, деҳаҳои Қирққудуқ, Ҷарбулоқ, Овзикент (нишебиҳои ҷанубии кўҳи Муғул ва қаторкўҳи Қурама), теппаҳои Исфисор, Деҳмой, атрофи Истаравшан, Шаҳристон, мавзеъи Кусавлисой (нишебии шимоли қаторкўҳи Туркистон) ва Конибодом ба қайд гирифта шуда буд.
Муҳити сукунат
Мавзеъҳои ҳамвор, доманакўҳ ва кўҳҳо, ки дорои набототи гуногунанд муҳити хоси сукунати луччашмак ба ҳисоб мераванд.
Дар нишебиҳои санглохи кўҳӣ, минтақаи арчазор ва дар байни сангпораҳои қаъри сойҳои камрастанӣ низ вомехўрад. Дар қитъаҳои киштшаванда, боғҳо, пахтазор ва канори ҷўйбору каналҳо, ки пўшиши зичи алафӣ доранд ва дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ вомехўрад. Дар баландиҳои 350- 2100 метр аз сатҳи баҳр ба қайд гирифта шудааст.
Саршумор
Дар солҳои 50-уми асри гузашта дар қитъаҳои нимбиёбони соҳилҳои дарёи Сир дар атрофи Ҷарбулоқ ва Кўкқуроқ дар масофаи 12-18 км то аз худ кардани мавзеъҳои зист саршумори он 15-20 фардро ташкил медод. Дар солҳои охир саршумори он хеле маҳдуд гардидааст.
Хусусиятҳои биологӣ Ҷинсҳо моҳи апрел ҷуфт мешаванд.
Моҳҳои июн ва июл 2-6 дона тухм мегузорад. Дар моҳҳои августсентябр насли луччашмакҳо (дарозии баданашон 20-23 мм) пайдо мешаванд. Аз гамбускҳои хурд ва кирминаи онҳо, чирчиракҳо, тортанакҳо, канаҳо, харакҳо, гўшхазакҳо ва ғ. ғизо мегирад. Моҳҳои октябру ноябр ба хоби зимистона рафта, аввали моҳи март аз хоб мехезад. Ҷойҳои холӣ, тарқишу сўрохиҳои замин, деворҳои иморатҳои гилин ва лонаи куҳнаи хоян дагони хурдро ба сифати паноҳгоҳ истифода мебарад. Душманони табиии ин намуд парандагони соҳибчангол мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё