Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Омилҳои маҳдудкунанда Сабаби асосии камшумор ва маҳдудияти муҳити сукунати луччашмаки биёбонӣ ба фаъолияти хоҷагидории инсон вобастагӣ дорад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Дар ҳудуди Тоҷикистони Шимолӣ доштани калтакалоси биёбониро манъ карда, мавзеъҳои хоси зисти он зери муҳофизати ҷиддӣ қарор додан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Саид-Алиев, 1979; Сатторов, 1993, 1994.
ЛУЧЧАШМАКИ ОЛОЙӢ
Asymblepharus alaicus (Elpatjevsky, 1901) Зерқатори
Калтакалосҳо ‒ Sauria Оилаи
Калтакалосҳои пойдароз ‒ Scincidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар водии дарёҳои Муксу, Сурхоб, Кабудоб ва Обихингоб, Ҷекендӣ (Қаротегин), Сағирдашт (Дарвоз), нишебии шимолии қаторкўҳи Пётри I (атрофи деҳоти Муғ, Сагрон, Лахш, Ҷиргатол, Ҳоит), атрофи шаҳри Хоруғ, Мурғоб ва Яшилкўл паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Нишебиҳои арчазор ва сералафи кўҳӣ, ки дорои шахпораҳои гуногун мебошанд мавзеъҳои хоси сукунати луччашмаки олойӣ мебошанд.
Дар баландиҳои 1800-4000 м аз сатҳи баҳр вомехўрад.
Саршумор
Намуди хеле камшумор аст. Дар масофаи 16-20 км ҳамагӣ 1-2 фарди луччашмакро ба қайд гирифтаанд.
Хусусиятҳои биологӣ Аввалҳои моҳи октябр ба хоби зимистона рафта, охирҳои моҳи апрел аз хоб мехезад. Охирҳои моҳи май ва аввалҳои моҳи июн ҷуфт мешавад. Яке аз хусусиятҳои хоси луччашмаки олойӣ тухмзиндазойӣ ба шумор меравад.
Модина 1-2 тухм мегузорад.
Моҳи август насли калтакалос аз тухм мебарояд. Дар водии Олой насли луччашмак дар 2-солагӣ болиғ мегардад.
Асосан аз гамбускҳо, пардаболон, дуболаҳо, ширинчаҳо,
ХАЗАНДАГОН
Reptilia шапалакҳо, ростболон, нимсахтболон ва дигар намуди ҳашарот ғизо мегирад. Душманони табиии он мори сипарсар, мори чипори нақшин, парандаҳо, қашқалдоқ ва ғ. мебошанд.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз сабаби он ки пурра таҳқиқ нагардидааст омилҳои маҳдудкунандаи саршумори луччашмаки олойӣ маълум карда нашудааст.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Мавзеъҳои хоси сукунати луччашмаки олойиро зери муҳофизати ҷиддӣ қарор додан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Андрушко, 1951; Чернов, 1959; Яковлева, 1964; Саид-Алиев, 1979; Ерёмченко, Щербак, 1986; Сатторов, 1993, 1994.
ХАЗАНДАГОН
Reptilia
КЎРМОР
Xerotyphlops vermicularis (Merrem, 1820)
Зерқатори
Морҳо ‒ Serpentes Оилаи
Кўрморҳо ‒ Typhlopidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар поёноби дарёҳои Сир, Вахш, Тоирсу Қизилсу, қад-қади дарёҳои Ёхсу, Варзоб ва Боботоғ, Истаравшан, Ашт, Шаҳристон, Балҷувон, кўҳсори Рангон, Кондара, атрофи шаҳраки Ҳисор.
Ганҷина. Қаратоғ, Тошахўр (доманаи Боботоғ) паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар нишебиҳои адирҳои сафедхок, канори роҳҳо ва дохили дараҳо вомехўрад. Дар алафзор ва зери сангҳо паноҳ мебарад.
Дар нишебиҳои хушки сой ва оббурдаҳо, ҷойҳои хокашон нарм низ вомехўрад. Дар баландии 800- 1900 метр аз сатҳи баҳр паҳн гардидааст.
Саршумор
Дар гузашта дар мавзеъҳои гуногуни сукунат дар масофаи аз 6-20 км 2-5 фарди кўрмор ба қайд гирифта шудааст. Айни замон дар ин мавзеъҳо дар масофаи 10 км танҳо 1 фарди онро дидан мумкин аст.

пешина
аз 256
навбатӣ