Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Сарчашмаи иттилоот:
Саид-Алиев, 1979; Красная книга Тадж.ССР, 1988; Шербина, 1958; Атаев, 1985; Сатторов, 1994.
ХАЗАНДАГОН
Reptilia
МОРИ ЧИПОРИ ДОҒДОР
Spalerosophis diadema (Schlegel, 1837) Зерқатори
Морҳо ‒ Serpentes Оилаи
Морҳои обӣ ‒ Colubridae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери хатари маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Паҳншавӣ
Дар соҳили дарёҳои Вахшу Кофарниҳон, қисмати шимолии Тоҷикистон ва соҳили дарёи Сир паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Мори чипори доғдор дар ҳамворӣ ва доманакўҳҳои ҷанубу ғарбии Тоҷикистон, мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», атрофи деҳаҳои Бешкент ва Айвоҷ, ноҳияҳои Қумсангир ва Қубодиён, атрофи деҳаи Тошахўр, Долон, доманакўҳҳои Буритов, Боботоғ ва дар қисмати ши молӣ дар атрофи обанбори Қайроққум дар биёбонҳо ва регзаминҳо вомехўрад.
Саршумор
Саршумори мори чипори доғдор то солҳои 60-уми асри гузашта зиёд буд. Дар масофаи 10-15 км дар муддати 7-8 соати ҷустуҷў 1-3, дар баъзе ҷойҳо то 4 фарди он мушоҳида мешуд. Солҳои охир саршумори он хеле маҳдуд ва ба ҳадди нестӣ расидааст.
Хусусиятҳои биологӣ Яке аз морҳои калонтарин буда, дарозии танааш то 150 см думаш 4-5 см, вазнаш то 200 грамм мерасад.
Аввалҳои моҳи март аз хоби зимистона мехезад. Баъди 3-4 рўзи аз хоб хестан серҳаракат шуда, ба ҷустуҷўи ғизо ва ҷуфти худ сар мекунад.
Аз калтакалосҳо, баъзан морҳои дигар ва хояндагони хурд ғизо мегирад. Моҳҳои июн-июл модина 6-8 тухм мегузорад, баъд аз 50-60 рўз, насли он аз тухм мебарояд.
Дарозии бадани насли навзод ба 22-24 см ва вазнашон 9-12 граммро ташкил медиҳад. Безаҳр аст.
Омилҳои маҳдудкунанда Таъқиби аз ҷониби инсон, аз худ кардани заминҳое, ки мавзеъи сукунати ин намуд ба ҳисоб мераванд, боиси маҳдудшавии саршумор ва мавзеъҳои сукунати мори чипори доғдор гардидаанд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити сунъӣ ва террариум парвариш ва нигоҳубини ин намуд имконпазир аст.
Тадбирҳои ҳифз
Мавзеъҳои хоси зисти мори чипори доғдорро зери муҳофизати ҷиддӣ қарор дода, ғўруқ эълон намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Чернов, 1959; Саид-Алиев, 1979, 1988; Сатторов, 1993, 1994.
ГУРГДАНДОНИ
КУНДАЛАНГРАХ
Lycodon striatus bicolor (Nikolsky, 1903) Зерқатори
Морҳо ‒ Serpentes Оилаи
Морҳои обӣ ‒ Colubridae Мақоми ҳифз
Зернамуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар поёноби дарёҳои Сир, Панҷ, Кофарниҳон Вахш ва Қизилсу, атрофи Ҳавотоғ, Ҳисор, Қубодиён, Панҷ, мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», Қаратоғ, Ёл, Лоҳур, Ромит ва Чортеппа паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар мавзеъҳои алафашон баланд ва туғайзорони соҳили дарёҳо бештар вомехўрад. Дар нишебиҳои санглохи доманакўҳу кўҳӣ, гилзамину сафедхокҳо, ки набототи биёбонӣ доранд, сукунат меёбад. Дар баландиҳои 400- 1600 метр аз сатҳи баҳр зиндагӣ мекунад. Дар лонаи куҳнаи хояндаҳо, тарқишҳои шах, ҷариҳо, сой ва оббурдаҳо зимистон мегузаронад.
Саршумор
Саршуморашон хеле кам аст.
Дар масофаи 3-4 км аҳён-аҳён вомехўрад.
Хусусиятҳои биологӣ Дар моҳи апрел аз хоби зимистона бедор гардида, моҳи октябр ба хоби зимистона меравад. Моҳи апрел ҷуфт мешавад. Ҷинси модина моҳи июл 1-3 тухми мегузорад.
Аз калтакалосу морҳои хурд
ХАЗАНДАГОН
Reptilia ва ҳашарот ғизо мегирад. Мори безаҳр аст.

пешина
аз 256
навбатӣ